13:58:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АМҶАД ҲУСАЙН БСИАЛ: ИНТИҚОЛИ МОЛ АЗ ПОКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН МУШКИЛ АСТ

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Дар назар аст рӯзҳои наздик хатсайри ҳавоии Душанбе-Исломобод, ки чанд вақт боз аз фаъолият боз мондааст, дубора барқарор шавад.

/images/stories/2012/11/08_tajik-air-tajikistan_081112.jpgБино ба иттилои Амҷад Ҳусайн Бсиал, сафири Покистон дар Тоҷикистон қатъ гардидани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Исломобод ду  омил дорад, ки он ба ширкати «Тоҷик эйр», ки хизамтрасониҳоро дар ин хатсайр бар дӯш дорад, вобаста аст.

Ҷаноби сафир омили якумро дар набудани рекламаи хуб ҷиҳати ҷалби муштариён ва омили дувумро дар мавҷуд набудани тайёраи хуб дар ин хатсайр  унвон намуд: «Тайёраи кушод, хуб надоранд, ки мардум моли худро бурда ва оварда тавонанд».

Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати «Тоҷик эйр», қатъ гардидани хатсайри мазкурро тасдиқ намуд ва сабаби онро набудани мусофирон ҳисобид: «Он қадар хоҳишмандон нестанд барои парвоз ба шаҳри Исломобод. Як қатор камбудиҳо мавҷуданд ва ояндаи наздик дар сурати пайдо шудани талабот хатсайр боз ба роҳ монда мешавад».

Номбурда мегӯяд, баъди роҳандозии ин хатсайр тариқи ВАО хабар дода буданд ва дар хатсайри Душанбе-Исломобод ҳавопаймои навъи «Боинг» истифода мешуд, ки набояд дар интиқоли моли мусофирон монеае эҷод шуда бошад.

Аммо сафири Покистон дар Тоҷикистон гуфт, мушкилот дар интиқоли мол аз Покиситон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад ва илова намуд, ки масъалаи барқарор намудани хатсайри Душанбе-Исломоборо дар гутфтушунид бо масъулини тоҷик ояндаи наздик ҳал хоҳанд кард.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi