06:18:14 01-уми Июни 2025 сол

ФИРОРИ ЯК ПУЛИСИ ТОҶИК БО 3,5 МИЛЛИОН ДОЛЛАР

Як маъмури вазорати умури дохилии Тоҷикистон, пас аз аз қаллобӣ дар ҳаҷми миллионҳо доллар, фирор кардааст.

/images/stories/2012/11/23_milisa-231112.jpgМаҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 23-юми ноябр, ба мо гуфт, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии кишвар, лейтенанти калони милитсия, нозири шӯъбаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, Сафаралӣ Сафаровро барои вайрон намудани талаботи оинномаи интизомӣ ва иттиҳом дар қаллобӣ аз вазифааш озод кард.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ бо пахши як иттилоия, корманди Вазорати умури дохилӣ, Сафаров Сафарро,  ки ба қаллобӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3 миллион доллар муттаҳам мешавад, мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Сафаров Сафар Маҳмадович, худро аз дӯстони наздики яке аз ширкатҳои бонуфузи воридкунандаи бензин нишон дода, бо роҳҳои фурӯши бензин бо нархи арзон, ба боварии мардум даромада, аз онҳо пул гирифтааст. Дар ибтидо Сафар Сафаров, маблағҳои мизоҷонашро бо иловаи фоида бармегардонад ва ба боварии онҳо медарояд.

Аммо тавре дар ин иттилоия омадааст, пас аз як сол, вай аз ҳамкасбону ҳамкорон ва дӯстону дигар афрод, 3,5 миллион доллар ҷамъ карда, нопадид мешавад.

Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир мавқеи будубоши Сафар Сафаров аниқ нест. Тахмин аст, ки  Сафар Сафаров ба Русия фирор кардааст, зеро падари вай дар Пойгоҳи низомии Русия кор мекунад ва барои ӯ дарёфти шаҳрвандии Русия саҳл буд ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои Сафар Сафаров, ки дар ВКД кор мекард, иваз намудани шиноснома низ мушкил набуд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854