07:52:07 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ВУД СЕ АФСАРРО БАРОИ РАФТОРИ "ҒАЙРИОИННОМАВӢ" ҶАЗО ДОД

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси шикояти як нафар, ки аз тариқи телефони боварӣ ба онҳо расидааст, се афсари вазоратро ҷазо додаанд.

/images/stories/2012/11/25_vud-251112.jpgДар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар торнамои расмии ин ниҳод нашр шудааст, гуфта мешавад, як нафар аз рафтори дағалона ва “ғайриоинномавии” Нуқра Абрагимова, корманди Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғону бачаҳои ба инҷо афтода, шикоят кардааст ва баъди таҳқиқ маълум кардаанд, ки шикояти расида ҳақиқат дорад.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, барои рафтори ғайрионномавӣ ва беназоратӣ, се афсари қабулгоҳ-таҳвилгоҳ Нуқра Абрагимова ва Зубайдова Н. Ю ва Сафарова.С.Б ҷазои интизомӣ гирифтанд, вале дар бораи худи ҷазо чизе гуфта нашудааст. Ба ин муассиса умдатан бачаҳои хиёбонӣ меафтанд ва ё ноболиғоне, ки роҳгум задаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ дар моҳи равон аз тариқи телефони боварӣ ба онҳо 67 арзу шикоят расидааст, ки аксаран дар бораи қонуншиканӣ ва риоят накардани тартиботи ҷамъиятӣ будааст. Дар иттилоияи вазорат, ки дар торнамои он нашр шудааст, гуфта мешавад, ки 38 хабару шикояти воридшударо таҳқиқ карда ва посухи онҳоро додаанд.

Дар ин иттилоия ҳамчунин омадааст, ки баъзеҳо аз тариқи ин телефон (+37 2212121) хабарҳои дурӯғ дода ва боиси зоеъ шудани вақту нерӯи ниҳодҳои марбутаи вазорат шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон ба хотири тамоси мустақими мардум бо шахси аввали ин ниҳод, телефони боварӣ ташкил карда буд.

Телефони боварии ҷадиди Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе 221-21-21 ба фарқ аз телефонҳои дигари боварии ин вазорат дар он аст, ки арзу шикоятҳои мардум бевосита ба вазири ин ниҳод расонида мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi