“СМС”-И ХАДАМОТИ АЛОҚА ВА ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА ФЕЙСБУК
Субҳи 26-уми ноябр бархе аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи "Фейсбук"-ро маҳдуд кардаанд.
Асомуддин Атоев , раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, онҳо аз Хадамоти алоқа "смс" ё паёмак гирифтаанд, ки шабакаи иҷтимоии Фейсбукро банданд. Аммо ӯ гуфт, сабабҳои ин тасмими Хадамоти алоқа ба ширкатҳо шарҳ дода нашудааст.
Раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасон гуфт, субҳи имрӯз, 26-уми ноябр, бархе аз ширкатҳо дастрасӣ ба Фейсбукро маҳдуд карда, бархеи дигар дар остонаи масдуд кардани онанд. Аз ҷумла, чанде аз муштариёни ширкати "Babilon-M" ва Билайн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дастрасии онҳо ба Фейсбук маҳдуд шудааст.
Асомуддин Атоев мегӯяд, қатъи дастрасӣ ба Фейсбук ин як "хизмати хирсона" дар ҳаққи имиҷи давлат аст ва Тоҷикистонро дигарбора ба рӯйхати душманони ин шабака ва ҳам интернет шомил мекунад. Ӯ илова кард, даҳҳо роҳи дигар вуҷуд дорад, ки мардум ба Фейсбук ворид мешаванд ва ин як кӯшиши бефоида аст: "Дар ин маврид гуфтанӣ ҳастам, ки ин қадамҳо чизе ҳам набошад, бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ҳаргиз ба манфиати давлату миллати Тоҷикистон нест. Ин худ ба худ бастани овози Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоист."
Аммо ин бори аввал нест, ки шабакаи Фейсбук аз сӯи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳдуд мешавад. 2-юми марти соли равон ширкатҳои интернетрасон бо дастури Хадамот дар қатори торнамоҳои tjknews.com, maxala.org, centrasia.ru ва zvezda.ru дастрасӣ ба шабакаи Фейсбукро низ дар қаламрави Тоҷикистон низ қатъ карда буданд, аммо пас аз як ҳафта танҳо Фейсбук боз шуд.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин бора раиси ин Хадамот Бег Зуҳуров гуфта буд, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо "мушкили фаннӣ" буда, ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Аммо бо интиқод аз корбарони Интернет вай афзуд, гурӯҳе Интернетро ба "бозори сиёҳ" тадил додаанд.
Дар Тоҷикистон 9 ширкати махсуси интернетрасон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин тамоми ширкатҳои мобилӣ низ хизматрасонии интернетиро ба роҳ мондаанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсади мардуми Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Socialbakers, ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, чанде қабл теъдоди фейсбукиёни тоҷикро 35 ҳазор тахмин зада, миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дода буд.
«Озодӣ»