18:46:32 02-уми Июни 2025 сол

НАРХИ БЕНЗИН ДАР СУҒД НИСБАТИ ДУШАНБЕ БЕШ АЗ 2 МАРОТИБ АРЗОН ШУД

Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, дар давоми 4 моҳ- аз аввали августи соли равон то ба имрӯз нархи бензин дар Тоҷикистон 6% боло рафтааст.

/images/stories/2012/11/28_benzin-khujand-281112.jpgАз вазорати мазкур ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки айни ҳол нархи миёнаи як литр бензин дар пойтахти кишвар 6 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба нишондоди моҳи августи ҳамин сол беш аз 40 дирам афзоиш ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар Душанбе арзиши як литр бензини навъи АИ-92  бо нархи 6 сомонию 70 дирам ва навъи АИ -95 ба ивази 6 сомонию 90 дирам фурӯхта мешавад.

Афзоиши нархи бензин дар пойтахт дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулини ташкилоти «Агро-информ»-и Тоҷикистон иброз медоранд, ки арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар бозорҳои наздисарҳадии кишвар коҳиш ёфтааст.

Намояндагони ин ташкилот як литр бензинро дар бозори «Бекобод»-и вилояти Суғд, ҳамсарҳад бо Зафарободи Ӯзбакистон нисбат ба бозорҳои Душанбе  беш аз 2 маротиба арзон арзёбӣ мекунанд: «Нархи як литр бензин дар бозори «Бекобод» 3 сомониро ташкил медиҳад, вале тоҷирони бозори Душанбе ин навъи сӯзишвориро ба ҳисоби миёна 6 сомонию 60 дирам мефурӯшанд».

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854