18:35:51 02-уми Июни 2025 сол

ДОДСИТОНИИ КУЛЛ БА РАҲОИИ РАВШАН СОБИРОВ МУХОЛИФ АСТ

Додситонии кулли Қирғизистон хостори бознигарии ҳукми додгоҳ оид ба парвандаи Равшан Собиров, собиқ вазири рушди иҷтимоии кишвар, шуд.

/images/stories/2012/11/29_ravshan-sobirov-291112.jpgДар ин бора сухангӯи Додгоҳи Олии Қирғизистон Айнура Токтошева хабар дод ва гуфт, ки додгоҳи шаҳри Бишкек ҳанӯз рӯзи баррасии аризаи бознигариро муқаррар накардааст. 21 ноябри соли равон додгоҳи яке аз ноҳияҳои шаҳри Бишкек Равшан Собировро сафед кард ва ёвари ӯ Тоҳир Мирзоаҳмадовро барои шаш сол бо мусодираи молу амвол маҳкум ба зиндон намуд.

Додситонии кулли Қирғизистон Равшан Собировро дар фасод ва иҷозаи аз сӯи хориҷиён фарзанд хондани кӯдакони қирғиз айбдор карда буд. Вазири собиқ рӯзи 5 июл аз сӯи кормандони амниятӣ боздошт шуд ва аз рӯзи 25 июл дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Равшан Собиров ягона вазири тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854