«KHODAY GROUP OF INDUSTRIES» ДАР ТОҶИКИСТОН БА СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲО ШУРӮЪ МЕКУНАД
Эҳтимол аст боз як ширкати хориҷӣ бо номи «Khoday Group of Industries» дар бахшҳои гуногуни Тоҷикистон ба сармоягузорӣ оғоз намояд.
Эҳтимолияти сармоягузорӣ намудани ширкати «Khoday Group of Industries»-и Ҳиндустон ба соҳаҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла дар самти энергетика, саноати вазнин, саноати кўҳӣ ва фармасевтика зимни мулоқоти Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо Шрихари Ходай, роҳбарияти ширкати мазкур баррасӣ гардид.
Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки Давлаталӣ Саидов дар ин вохӯрӣ таъкид кардааст, ки айни замон дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд мебошад, ки бо дарназардошти қонунгузории муосири танзимкунандаи соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин сабукиҳову имтиёзҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда шароити муфидро барои бахши хусусӣ ва сармоягузорон муҳайё сохтааст.
Дар ин нишаст сармоягузорони ҳиндӣ зикр доштанд, ки роҳбарият ва намояндагони ширкати онҳо 10 соли охир ба Тоҷикистон сафар карда, корҳои таҳлиливу кофтуковии бозорҳои мухталифи соҳавии мамлакатро анҷом додаанд.
Манбаъ мегӯяд, «Khoday Group of Industries» феълан ба сохтмони 2 адад нерӯгоҳи оби дар Тоҷикистон ташаббус зоҳир намудааст.
Гуфта мешавад, зимни ин ҳамоиш сармоягузорони хориҷӣ ташаббус ва нақшаҳои минбаъда ҷиҳати дар Тоҷикистон аз ангиштсанг истеҳсол намудани сӯзишвории моеъ, истеҳсоли алюминии аввала ва минбаъд масолеҳи алюминӣ, ба роҳ мондани фаъолияти металлургӣ дар заминаи маъданҳои оҳан ва кумури коксиро, ки сифати хуби он дар Тоҷикистон мавҷуд аст, матраҳ намудаанд.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»