07:43:10 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

"АСАД ҲЕҶ ҶОЕ НАМЕРАВАД, ҲАТТО АГАР РУСИЯ ВА ЧИН АЗ Ӯ БИХОҲАНД"

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи шанбе гуфт, ки ҷанги дохилӣ дар Сурия ба бунбаст расидааст ва Башор Асад аз қудрат канор нахоҳад рафт, ҳатто агар Русия ва Чин аз ӯ инро бихоҳанд. Ин суханони Лавров дар ҳоле баён шудааст, ки даргириҳо миёни нерӯҳои давлатии Сурия ва мухолифони мусаллаҳ, беш аз пеш ба Димишқ-пойтахти ин кишвар кашида шудааст.

/images/stories/2012/12/23_lavrov--231212.jpgПештар хабаргузории русии Интерфакс ба нақл аз Михаил Богданов, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Русия ба Ховари Миёна гузориш дода буд, ки пирӯзии мухолифон бар нерӯҳои давлатии Сурияро аз эҳтимол дур нест. Ӯ ҳамчунин аз омодагии Русия барои хориҷ кардани шаҳрвандони худ аз хоки Сурия хабар дода буд. Ин суханони мақоми русӣ чунин тафсир шуда буд, ки Русия худро барои марҳилаи пас аз Асад омода мекунад.

Ин дар ҳолест, ки раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз кишварҳои арабӣ, борҳо аз Асад хостаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз вайронии бештари Сурия ва кушта шудани шумори бештаре аз шаҳрвандони ин кишвар, аз мақоми худ канорагирӣ кунад. Аммо акнун оқои Лавров гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Сурия зери бориш фишорҳо нахоҳад рафт, ҳатто агар аз сӯи раҳбарони кишварҳои наздик ба ӯ ҳамчун Русия ва Чин бошад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Сергей Лавров, ки дар ҳавопаймо дар масири бозгашт аз Бруссел ба Маскав бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт: "Ҳеҷ кас дар ин ҷанг пирӯз нахоҳад шуд. Асад ба ҳеҷ ҷо нахоҳад рафт, ҳар кас аз ӯ чунин чизе бихоҳад, ҳатто агар Русия ва Чин бошанд."

Лавров ёдовар шудааст, ки Русия дархости кишварҳое дар минтақа барои фишор бар Асад ба манзури канорагириаш аз қудрат ва таъмини маҳали иқомати амн барои ӯро напазируфтааст. Ӯ таъкид кард, канорагирии Асад аз қудрат метавонад ба афзоиши танишҳо дар Сурия бианҷомад.

Вазири умури хориҷии Русия дар бораи силоҳҳои кимиёвии Сурия гуфт, ки низоми Башор Асад ин силоҳҳоро ба як ё ду минтақаи таҳти контроли худ интиқол додааст. Ӯ дар идома гуфтааст: «Бар пояи маълумоте, ки ба созмонҳои иттилоотии мо ва ғарбӣ расидааст, дар ҳоли ҳозир давлати Сурия тамоми талошҳои худро барои таъмини амнияти силоҳҳои кимиёвӣ ба кор мебандад.»

Ҳудуди се ҳафта пеш бархе кишварҳои ғарбӣ эълом карданд, ки эҳтимол дорад давлати Асад худро барои истифода аз гази заҳрогин барои муқобила бо мухолифон, омада мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi