АФЗОИШИ ДАРОМАДИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН
Хазинаҳои пулӣ ва пасандози аҳолии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли равон беш аз 18 миллиард сомониро ташкил намуд. Аз Агентии омори Тоҷикистон ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки дар кишвар барои хариди мол ва пардохти хизматрасонӣ 53,7% аз ҳаҷми умумии ҳазинаҳои пулӣ ва пасандозхо харҷ гардидаст.
Гуфта мешавад, пардохтҳои ҳатмӣ ва кӯмакҳои довталабона бошад дар Тоҷикистон 26,2% - ро ташкил намудааст. Манбаъ мегӯяд, даромадҳои пулии аҳолии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 16,3 миллиард сомониро ташкил додаст, ки ин нишондод нисбати хамин давраи соли гузашта 24 дарсад бештар аст.
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши нархҳо ва сарфи зиёди маблағҳо барои шикам, зиёдшавии маблағҳои мардум чандон ба чашм намерасад. Яъне дар Тоҷикистон маблағҳои мардум бештар барои ғизо сарф мешавад.
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»