11:40:07 01-уми Июли 2025 сол

ҚАТЛИ ЯК СОКИНИ ДАРВОЗ АЗ СӮИ МАРЗБОНОНИ ТОҶИК

Як сокини ноҳияи Дарвоз аз сӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мустақар дар ин мантақа, кушта шудааст. Ҳодиса бегоҳии рӯзи шанбеи 5-уми январ дар деҳаи Шикеви ин ноҳия рух дода ва Фурқат Алишибеков, сокини 31–солаи ин деҳа аз сӯи марзбонони қисми 2711-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳадафи тир қарор гирифта ва дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст. Ҳамроҳи афғони ӯ фирор намуда ва сарнавишти ӯ то кунун маълум нест.

/images/stories/2013/01/06_darvoz-060113.jpgГуфта мешавад, ки ҳодиса замоне рух додааст, ки Фурқат Алишибеков бо ҳамроҳии як шаҳрванди Афғонистон мехостанд ба он сӯи дарёи Панҷ маводи сӯхт интиқол бидиҳанд. Ба гуфтаи сокинон, аз ҷой ҳодиса ҳамчунин заврақи хурд ва антена ё мавҷпарокани телевизион низ пайдо шудааст, ки ин шахс бо ҳамроҳии шарики афғонаш мехостанд ба он сӯи марз интиқол бидиҳанд.

Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо вулусволиҳои Шикай, Нусай, Дарвози Боло ва Кӯфи вилояти Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дошта ва ҳодисаҳои убури марз аз сӯи шаҳрвандони он сӯи Омӯ, гоҳ- гоҳе ба қайд гирифта мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ