11:27:08 01-уми Июни 2025 сол

ҲОМИДИ КАРЗАЙ СОЛИ ОЯНДА БА ИСТЕЪФО МЕРАВАД

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай изҳор намуд, ки соли 2014-ум дар поёни давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш ба истеъфо рафта, имкон медиҳад, дар Афғонистон президенти нав интихоб шавад.

/images/stories/2013/01/12_karzay-11012013.jpgРӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти ИМА Барак Обама дар шаҳри Вашингтон Ҳомиди Карзай гуфт, бузургтарин дастоварди ӯ ташкили интихоботи хубу бидуни дахолат хоҳад буд, ки дар он мардуми афғон президенти нави ин кишварро интихоб кунанд. Ҳомиди Карзай дар соли 2002-ум баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон сари қудрат омада, беш аз даҳ сол инҷониб бо пуштибонии ИМА Афғонистонро сарварӣ мекунад.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 2004-ум ва 2009-ум дастболо шудааст. Дар интихоботи соли 2009-ум айбномаҳои тақаллуб хеле зиёд буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854