11:32:15 01-уми Июни 2025 сол

ИНСТИТУТИ ИЛМҲО НОМИ БАҲОДУР ИСКАНДАРОВРО ГИРИФТ

Ба ифтихори 100 солагии зодрӯзи таърихшиноси машҳури тоҷик, академик Баҳодур Искандаров  дар Институти илмҳои гуманитарии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ конфронси илмӣ баргузор гардид. Институти номбурда бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Баҳодур Искандаров гузошта шуд.

/images/stories/2013/01/12_institut-110113.jpgВобаста ба ин рӯйдоди муҳим дар Институти улуми инсонии шаҳр бо иштироки Муовини раиси  Маҷлиси Милиии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Қодири Қосим, президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Мамадшо Ҳилолов, директори Институти  тарих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии  ба номи Аҳмади Дониши Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Масов конфронси илмӣ баргузор гардид.

Дар оғози конфронс аз ҷониби раиси ВМКБ ва меҳмонон лавҳаи унвонгузории пажуҳишгоҳ расман боз карда шуда, аз фаъолиятҳои илмии Баҳодур Искандаров хотираҳо гуфта шуданд.

Дар рафти конфронс оиди ҳаёту фаъолият, корҳои илмӣ ва машақатҳои роҳи илмандӯзии Баҳодур Искандаров аз ҷониби устодони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ маърӯзаҳо баррасӣ гардида, мавриди суолу ҷавоб қарор дода шуданд.

Президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Мамадшо Ҳилолов аз масъулини пажӯҳишгоҳ дархост намуд, ки барои таъсис додани китобхонаи асарҳои Баҳодур Искандаров дар бинои Институт як утоқ ҷудо гардад ва ӯ инчунин қайд намуд, ки Академияи Илмҳо дар ғанигардонии фонди китобхона онҳоро дастгирӣ хоҳад намуд.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор» Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854