00:34:15 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАЛОКАТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СӮХТОРИ МАСКАВ

Дар пайи сӯхтори бинои навбунёде дар қисмати ҷанубуғарби пойтахти Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷон бохтаанд.

/images/stories/2013/01/27_skoraya-pomosh-27012013.jpgНамояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи сӯхтори рӯзи шанбе (26-уми январ) дар кӯчаи Херсонскии Маскав ду шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтаанд. Саид Боев, масъули намояндагии Хадамот, гуфтааст, инҳо - Юсуфхон Давлатов (соли таваллуд - 1980) аз Мӯъминобод ва Ҳасан Иброҳимов (соли таваллуд - 1965) аз Кӯлоб будаанд.

Ин сӯхтор, ки дар яке аз биноҳои навбунёд дар қисмати ҷанубуғарби пойтахти Русия рух дод, дар маҷмӯъ боиси ҳалокати даҳ тан ва захмӣ шудани ҳафт нафар гардидааст. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар миёни афроди маҷруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Саид Боев дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки "кормандони Хадамот барои муайян кардани ҳуввияти афроди боқимонда дар ҷои ҳодиса талош доранд." Бино ба хабари "Интерфакс", дар ин замина парванда боз шуда, иллатҳои сӯхтор дар бинои тозабунёде, ки тобистони соли гузашта мавриди истифода қарор гирифта буд, таҳқиқ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гузориши Вазорати умури дохили Тоҷикистон, соли 2012 аз хориҷ ба ин кишвар 1055 тобути муҳоҷирин оварда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соле пеш 239 адад бештар будааст. Сабабҳои ба ҳалокат расидани мардикорон дар хориҷа мухталифанд. Аммо барои шаҳрвандоне, ки дар ин "ҷабҳа" наздиконашонро аз даст медиҳанд, агар таҳаммули марги пайвандонашон сангин бошад, бори интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон аз он ҳам гаронтар будааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди як миллион шаҳрванди ин кишвар дар Русия машғули кору зиндагиянд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро ҳудуди 2 миллион медонанд, ки солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi