01:19:53 02-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ 4 НАФАР ДАР РОБИТА БА ҲОДИСАҲОИ МАСТЧОҲ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон чаҳор танро ба иттиҳоми хабар надодан аз ҷои пинҳон шудани аъзои гуруҳҳои тундрав, боздошт кардаанд.

/images/stories/2013/01/28_maschoh-28012013.jpgМаҳмудулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ ба мо гуфт, ки кормандони Бахши умури дохилаи вилояти Суғд, дар доираи амалиёти боздошти аъзои гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли кишвар, чаҳор сокини ноҳияи Мастчоҳро барои хабар надодан аз ҷои пинҳон шудани аъзои ин гуруҳ, боздошт карданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло бо ин сокинон барои пинҳон доштани ҷои гуруҳҳои тундрав, суҳбатҳо гузаронида мешавад. Феълани ному насаби ин чаҳор нафар ба хотири халал науфтодан ба ҷараёни таҳқиқоти ҳодисаи ноҳияи Мастчоҳ, фош карда намешавад.

Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти рӯзҳои 9-10 январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, 6 нафар боздошт шудаанд.

Шариф Назаров, раҳбари пулиси вилояти Суғд чанд рӯз пеш дар нишасти хабариаш гуфта буд, амалиёт дар Мастчоҳ ҳанӯз идома дорад. Мақомот 3 тан аз дастгиршудаҳоро, ки ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, ба фаъолиятҳои террористӣ ва 3 тани дигарро ба паноҳ додан ба ин афрод айбдор мекунанд.

Додситонии Суғд қаблан гуфта буд, ки тайи соли 2012 дар ин вилоят 72 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрави мазҳабӣ боздошт шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854