08:07:13 02-уми Июли 2025 сол

ИЗҲОРОТИ САФОРАТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ОИД БА ҲУҚУҚИ РӮЗНОМАНИГОРОН

Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро бо мақсади фаъолияти бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ, дастгирӣ менамоянд.

Мо, Сафорати Амрико, ҳамеша нигаронии худро оиди муносибат бо хабарнигорон дар Ҷумхурии Тоҷикистон, минҷумла бо ҷаноби Абдуқаюм Қаюмзод бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, матраҳ менамоем. Мо, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки озодии матбуотро эҳтиром намуда, механизми аён ва шаффофи марбут ба сабти номи хабарнигоронро таъсис диҳад.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ