10:35:06 03-уми Июни 2025 сол

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН БА АДИБОНИ ҶАВОН ҶОИЗА ДОД

Иттифоқи нависандагони Тоҷикстон беҳтарин адибони ҷавони кишварро бо ҷоизаҳои адабии «Падида» қадрдонӣ намуд.

/images/stories/2013/02/07_a.samad-07022013.jpgИн ҷоизаҳо насиби Баҳроми Раҳматзод, Нодир Луқмонзода, Шаҳодат ва Ҷамшед гардиданд. Бино ба иттилои масъулини Иттифоқи нависандагон нафароне соҳиби ин ҷоизаҳо шуданд, ки навиштаҳояшон соли гузашта дар машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон баҳои баланд гирифта буд.

Абдулҳамид Самад, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, мақсад аз таъсиси ин ҷоиза ҳавасманд гардонидани адибони ҷавонест, ки бо ҷидду ҷаҳд қалам ба даст гирифтаанду адабиёти тоҷик аз онҳо умеди калон дорад.

Нафароне, ки бо ин ҷоиза сарфароз гащтаанд, соҳиби лавҳи «Ҷоизаи Падида» ва маблаи 1000 - сомонӣ мегарданд. Гуфта мешавад, ин бори дуввум аст, ки ИН адибони ҷавонро бо ҷоизаҳои «Падида» қадрдонӣ мекунад.

Пеш аз ин Баҳманёр Муродӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Ҳанифаи Муҳаммадохир ва Баҳром Мирсаидов ин ҷоизаро ба даст оварда буданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854