10:35:05 03-уми Июни 2025 сол

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ 9 САФИР ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ КАРД

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз аз сафирони Австрия, Шоҳигарии Норвегия, Шветсия, Индонезия, Шоҳигарии Испания, Мисри Араб, Салтанати Уммон, Эфиопия ва Ангола  эътимоднома қабул кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Президенти кишвар хабар додааст.

/images/stories/2013/02/07_safiron-07022013.jpgШурӯъ аз имрӯз дипломатҳои нав, сафири Австрия Волфганг Баняй, Сафири Шоҳигарии Норвегия Оле Ёҳан Бёрной, Сафири Шоҳигарии Испания Мануэл Ларротҷа Парада, Сафири Шветсия Аке Петерсон, Сафири Ҷумҳурии Мисри Араб Маҳмуд Гамил Аҳмад Элдиб, Сафири Салтанати Уммон шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим оли Фанна, Сафири Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом, Сафири Ҷумҳурии Демократии Федеролии Эфиопия Мулату Тешоме ва Сафири Ҷумҳурии Ангола Жоаким Аугусто де Лемуша дар Душанбе расман фаъолияти худро оғоз хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сӯҳбат бо сафирони тозаинтихоб изҳори боварӣ намуд, ки онҳо барои таҳкиму густариши равобити мамлакатҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854