07:37:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БО ПАТРИСИЯ ФЛОР

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор мулоқот кард.

/images/stories/2013/02/11_muloqoti-emomali-110213.jpgДафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рузи 11 феврал ба мо гуфт, ки дар ин дидор президенти Тоҷикистон бо Патрисия Флор дар масаъалаҳои стратегияи ҷадиди Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон тасмими Иттиҳоди Аврупоро барои таҳияи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ро як барномаи муҳими барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонда, аз ҷумла ба роҳ мондани механизми «Муколама оид ба амният»-ро дастгирӣ намудааст, мегуяд Дафтари матуботи президенти Тоҷикистон

Ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон ва ҳамкориҳои фаъол дар бахши  мубориза бо таҳдидҳои  терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтунид сурат гирифт.

Патрисия Флор, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ зимни барномаи сафари худ дар Тоҷикистон, дар нимаи аввали 11-уми феврал бо мақомоти Вазорати хориҷа, Вазорати адлия ва Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот намуда, масоили густариши ҳамкориҳои мақомоти Тоҷикистон бо  Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ намуд.

Хонум Флор, ки дар тобистони соли гузашта Пер Морелро дар мақоми фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо иваз кард, моҳи июли соли гузашта бори аввал аз Тоҷикистон боздид карда буд. Иттиҳодияи Аврупо аз соли 1992 ба ин сӯ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 570 миллион евро ёриҳои мухталиф расондааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi