11:35:24 01-уми Июли 2025 сол

ЧИН ДАР ТИҶОРАТ АМРИКОРО ГУЗАШТ

Аз рӯйи нишондиҳандаҳои соли гузашта Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар тиҷорати ҷаҳонӣ Амрикоро оқиб гузошта, пешсафиро ба даст гирифтааст. Гуфта мешавад, баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аввалин бор аст, ки Амрико пешгомӣ дар тиҷоратро аз даст додааст.

/images/stories/2013/02/11_china_economic-110213.jpgБино ба ҳисоботи Вазорати савдои ИМА агар ҳаҷми содироту воридоти моли ин кишвар дар соли 2012  ҳудуди 3,82 трлн долларро ташкил дода бошад, ҳаҷми савдои Чин баробари 3,87 трлн доллар гардидааст.

Ба андешаи коршиносон дар бозори ҷаҳонӣ ба ҷойи аввал баромадани Чин давраи нави рақобати иқтисодиро байни ду абарқудрат оғоз мебахшад. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки давлатҳои ҷаҳон Чинро дигар ҳамчун як шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохтаанд.

Давоми даҳсолаи охир рушди иқтисоди Чин солона ҳудуди 7 фисад боло рафта, Пекин мақсад дорад, ки инчунин бо кушодани корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои ҳамсоя ба рушди ҳарчӣ бештари иқтисоди кишвар замина гузорад.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ