00:40:09 16-уми Июни 2025 сол

РУСИЯ БА РӮЪЁ ПАНОҲГОҲИ МУВАҚҚАТ ДОД

Мақомоти муҳоҷират гуфтанд, паноҳгоҳе ба духтари афғоне, ки дини масеҳиро қабул кардааст, як иқдоми башардӯстона аст. Русия гуфт, ки ба духтари афғоне, ки дини масеҳиро қабул кардааст, паноҳгоҳи муваққат медиҳад. Дар ин бора имрӯз раҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Русия хабар дод. Дирӯз матбуоти Русия хабар дод, ки Рӯъё Иваз Алӣ ба Афғонистон истирдод мешавад, вале он ҷо ӯро бо сабаби тағйири мазҳаб карданаш марг таҳдид мекунад.

/images/stories/2013/02/15_ruyo-ivaz-ali-150213.jpgХадамоти муҳоҷират гуфт, ки Рӯъё  дар миёнаҳои соли 2011 ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш тавассути Тоҷикистон ба Русия, ба вилояти Перм рафтааст. “Моҳи августи оғози соли 2011 падари хонадон ба мақомоти муҳоҷират муроҷиат карда дархост намуд, ки онҳоро дар қаламрави Русия ҳақи паноҳандагӣ диҳанд”, - гуфт як масъули ин хадамот дар сӯҳбат бо Интерфакс. Мақомоти Русия мегӯянд, ки тафтишу санҷиши санаду ҳуввияти онҳо нишон дод, ки ба ҳаёти аҳли ин хонавода дар Афғонистон чизе на аз назари сиёсӣ ва на аз назари диниву миллӣ таҳдид намекунад.

Хадамоти муҳоҷирати Русия мутмаин аст, ки мушкили онҳо сирф хусусияти маишӣ дошта, онҳо дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ба Русия омадаанд. “Бар асоси ин, ба аҳли хонаводи Рӯъё на ҳақи паноҳандагӣ ва на паноҳгоҳи муваққат дода нашуд”, гуфтанд мақомот.

Ҳоло маҳалли будубоши волидони Рӯъё Иваз Алӣ маълум нест. Худи духтараки 19-сола мегӯяд, ки дини масеҳиро қабул карда, вале ин хабарро аз волидони худ пинҳон кардааст. Вай мутмаин аст, ки дар сурати бозгашти ӯ ба ватан, вайро ба мисли бисёр шаҳрвандони дигари ин кишвар, ки тағйири дин кардаанд, сангсор хоҳанд кард. “Аз рӯи қонунҳои ин кишвар онҳо ҳақ доранд, ки маро ба марг маҳкум кунанд”, гуфт ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ бо сайти Life News. Матбуоти русӣ менависад, ки Рӯъё пинҳон намекунад, ки бо мақсади дар Русия мондан динашро тағйир додааст.

Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, ки бо назардошти ин ки ин духтари ҷавон танҳо монда, аз бозгашт ба ватан ҳарос дорад, тасмими “башардӯстонае” гирифта шуд ва қарор шуд, ӯ дар як паноҳгоҳи муваққатии Перм нигоҳдорӣ шавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854