01:47:47 16-уми Июни 2025 сол

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ЯК МОҲ БА КИШВАР 178,8 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ИНТИҚОЛ ДОДАНД

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни як тадқиқот ҳисоб кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик давоми моҳи январи соли ҷорӣ ба кишвар 178,8 миллион доллари амрикоӣ ворид намудаанд, ки ин миқдор назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7- дарсад бештар аст.

/images/stories/2013/02/17_emigrants-170213.jpgИн ҳам дар ҳолест, ки бино ба ахбороти хадамоти федералии муҳоҷирати Русия айни ҳол дар ҳудуди ин кишвар бештар аз 1-миллион муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки агар як сабаби афзоиши интиқоли маблағ дар зиёд шудани шумораи муҳоҷирон бошад, сабаби дигар дар фаъол шудану даст ба корҳои бузургтар задани шаҳрвандони кишвар аст.

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаноби Сафиуллоҳ Девонаев ҳам дар як нишасти матбуотӣ иброз дошта буд, ки ташкили марказҳои омӯзишӣ барои нафароне, ки мехоҳанд ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар раванд, самараи хуб дода истодааст ва онҳо ният доранд таъсиси ин гуна марказҳоро бештар намоянд.

Баҳманёр, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854