10:09:26 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЙБДОРКУНАНДА БАРОИ ҚОТИЛОНИ АБДУЛЛО НАЗАРОВ ТО 17,5 СОЛИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРД

Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки гуноҳҳои Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов дар мурофиа пурра собит шуд.

/images/stories/2013/02/26_abdullo-nazarov_260213.jpgАйбдоркунандаи давлатии парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров барои маҷмӯи ҷиноятҳои содирнамуда, ба сокинони вилояти Бадахшон - Оқил Аёмбеков ба муддати 17 солу шаш моҳ ва Ҳамза Муродов 16 солу шаш моҳи маҳрумият аз озодӣ талаб намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми Оқил Аёмбеков ва Хамза Муродов ба кушор, сӯиқасд ба ҷони намояндаи давлат ва тасарруфи силоҳ “пурра исбот шудааст”.

Сардори собиқи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон рӯзи 21 июл дар наздикиҳои шаҳри Хоруғ кушта шуд. Ба дунболи ин ҳодиса, рӯзи 24 июл нирӯҳои ҳукуматӣ дар маркази вилояти Бадахшон амалиёти вижаро шурӯъ карданд.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ Файзи Олӣ вакили дифои айбдоршавандаҳо тақозо кардааст, ки  нисбати Оқил Аёбеков моддаи расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марг овардааст, татбиқ шавад. Ҳимоя чунин мешуморад, ки куштор бо амри тасодуф ба вуқӯъ пайваста, муттаҳамон аз лаҳзаи аввали расонидани зарари ҷисмонӣ ба Назаров барои наҷоти ҷони ӯ талош карданд. Вакили дифоъ гуфтааст, ки муттаҳамон Абдулло Назарови маҷрӯҳро ба беморхона оварда бо ин амали худ талош кардаанд, ки ҷони ӯро наҷот диҳанд. Файзи Олӣ гуфт, муттаҳамон аз кирдорашон изҳори пушаймонӣ карда аз наздикони генерал омурзиши гуноҳашонро дархост кардаанд.

Тарафи ҳимоя Ҳамза Муродовро, ки ронандаи Назаров буду, «ғайри хоҳиши худ шоҳиди тасодуфии он ҳодиса шудааст”, аз додгоҳ хостааст, ки бинобар дар ҳаракатҳояш ҷой надоштани ҷиноятҳои мисли “расондани зарари ҷисмонӣ“ ва дигар ҷиноятҳо, фақат барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдор мебошад.

Нисбати ду нафари дигари иштирокчии ҳодиса, ки ба расондани зарари ҷисмонӣ ба Абдулло Назаров айбдор дониста шудаанд, бинобар дар қайди ҳаёт набуданашон парванда қатъ ёфтааст. Ин афрод дар амалиёти рӯзи 24-уми июли соли гузашта дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ ба ҳалокат расиданд. Мурофиа имрӯз, 26 феврал поён ёфт ва интизор меравад, ки фардо додрас Мирзоалӣ Каримов ҳукми худро содир кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi