23:14:56 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

ИРОН «ҲОЛЛИВУД»-РО БА ДОДГОҲ МЕКАШАД

Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Ирон тасмим гирифтааст, ки  «Ҳолливуд»-ро барои филми «Арго», ки комилан бар асоси ғояҳои зиддииронии Амрико таҳия гардидааст, ба суд диҳад. Ин хабар дирӯз аз расонаитарин хабарҳои Ирон буд.

/images/stories/2013/03/15_argo_140313.jpgСомонаи INTEFAX.RU дар ҳамин росто навиштааст, ки аллакай адвокати фаронсавӣ Изабел Кутан Пэйр ба Теҳрон омадаву бо мақомоти ин кишвар тарҳи даъво дар додгоҳро баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад тасмими мазкур танҳо шоми душанбе, 11-уми март баъди аз тарафи як гуруҳ мансабдорону синамошиносони иронӣ тамошо кардани ин филм дар яке аз синамохонаҳои Теҳрон гирифта шудааст.

Филми «Арго»-ро Бен Аффлек, коргардоне аз Ҳолливуд таҳия кардаву ин филм аз фирори шаш тан аз дипломатҳои амрикоӣ қисса мекунад, ки соли 1979 дар Теҳрон рух додааст. Таҳиягарони филм онро «дар асоси рухдодҳои воқеӣ ба навор омадааст» -мегӯянд, ки ин синамошиносон ва мақомоти Иронро нигарон кардааст.

Моҳи гузашта вазири фарҳанги Ирон Муҳаммад Ҳусайнӣ низ ин филмро танқид карда буд. Ин ҳама сару садоҳо дар ҳолест, ки филми «Арго» аз тарафи Академияи синамои Амрико аз муваффақтарин филмҳои сол унвон шуда, ҷавоизи зиёд аз ҷумла ҷоизаи Оскарро дар риштаи «Беҳтарин филм» ба худ ихтисос додааст.

Аммо мақомоти Ирон мегӯянд ҳамчун беҳтарин филми сол унвон шудани «Арго» худ далели он аст, ки Ҳолливуд аз гароишҳои сиёсати амрикоӣ ё худ хостаҳои Қасри сафед пайравӣ мекунад.

Аммо раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷимӣ Кортар дар бораи ин филми зиддииронӣ гуфтааст, ки «дар ҳоле ки 90 дар сади проссеси фирори дипломатҳои амрикоӣ ба уҳдаи канадагиҳо буд, филми «Аргу» раёсати иктишофӣ (ЦРУ)-ро қаҳрамон нишон медиҳад, ки ин комилан ғалат аст.

Таҳиягарони филм ҳанӯз ба ин эродҳои ҷониби Ирон посухи мушаххас надодаанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi