18:20:27 15-уми Июни 2025 сол

Консулгарии ИМА дар Тоҷикистон ба амрикоиён ҳушдори амниятӣ дод


Консулгарии Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони ин кишвар, ки қасди сафар ба То
ҷикистонро доранд ва ё дар инҷо ба сар мебаранд, машварати амниятӣ додааст.

protest-10042013Дафтари матбуотии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба мо гуфт, ки дар ин ҳушдор ба ҳамаи шаҳрвандони Амрико, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва ё қасди сафар ба ин кишварро доранд, машварат дода шудааст, ҳамеша ҳамроҳи худ шаҳодатномаи шахсӣ ё санаде, ки ҳуввиятро нишон диҳад, бо худ дошта бошанд.

Дар матни ин ҳушдор, ки дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" низ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки «рӯзи 5-уми апрел дар рӯбарӯи сафорати Амрико ва идораи Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе занону мардони ҷавон алайҳи озодии Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздошташ дар Украина, эътироз карданд.»

Консулгарии Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар машварат додааст, ки "ҳатто гирдиҳамоӣ ва ё роҳпаймоии сулҳомез метавонад гоҳо ба рӯёрӯӣ табдил шуда ва кор ба хушунат бикашад. Аз ин рӯ аз ҳар издиҳом ва тӯдаи мардум барҳазар бошанд"

Дар поёни ин ҳушдор Консулгарии Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон тавсия додаст, ки тавассути интернет ба барномаи STEP сабти ном шаванд, то сафорат тавонад дар сурати изтирорӣ, ҳушдорҳои амниятиро ба онҳо дастрас кунад.

Гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Амрико баъд аз зуҳри рӯзи 5-уми апрел бо ширкати даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон сурат гирифт. Эътирозгарон дар даст шиорҳои норозигӣ аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, аз боздоштгоҳи Украинаро ва бо талаби баргардонидани ӯ ба Тоҷикистон, хостори гуфтугӯ бо сафири ИМА дар шаҳри Душанбе шуданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854