18:16:29 15-уми Июни 2025 сол

Собиқ ходими пулис ба даллагӣ ва қочоқи занҳо муттаҳам шуд


Додгоҳи шаҳри Ху
ҷанд, баррасии парвандаи собиқ пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми «даллагӣ»-и занон ба Аморати Мутаҳҳидаи Арабро ба анҷ
ом расонида ҳукмро нисбати вай эълон мекунад.

qochoq-10042013Масъулони додгоҳи шаҳри Хуҷанд, рӯзи чоршанбеи 10 апрел ба мо гуфтанд, ки таҳқиқи парванда ба иттиҳоми «даллагии инсонҳо бо ҳадафи водор кардан ба фоҳишагӣ» ба итмом расида ва ҳамаакнун додрас бо тарафҳо «дар хонаи машварат» қарор дорад ва эҳтимол дорад, имрӯз ҳукм нисбати фарди муттаҳам эълом шавад.

Ҳарчанд масъулони додгоҳ то замони эъломи ҳукм, аз ифшои номи фарди муттаҳҳам худдорӣ кардаанд, вале гуфтаанд, нисбати ин собиқ пулис охири соли соли 2012 дар пайи шикояти зане парванда боздошт шудааст.

Ба нақли масъулони додгоҳ, «зане, ки сокини шаҳри Конибодом буда ва охири соли 2012 ба тозагӣ аз Аморати Мутаҳиддаи Араб баргашта буд, ба пулис шикоят бурда ва гуфтааст, ки корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз роҳи фиреб ӯро ба хориҷ фиристода ва ӯ ба ҷои кор дар фурӯшгоҳ, мавриди фоҳишагӣ қарор гирифтааст.

Тафтишоти муқадамотӣ низ собит кардааст, ки собиқ корманди пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз се зани дигарро низ бо роҳи фиреб ба АМА бурда ва ба кори фоҳишагӣ машқул кунондааст.

Ҳамакнун аз ин чор зан танҳо як нафар, ҳамин сокини шаҳри Конибодом ба Тоҷикистон баргаштааст, ки аллакай дар 8 моҳи ҳомиладорӣ қарор дорад.   

Ба ин тартиб дар сурати тасдиқи комили даст доштани собиқ корманди пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷинояти «даллагӣ»-и занон барои фоҳишагӣ, ӯро аз 5 то 12 соли зиндон интизор аст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854