04:12:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёде аз марҳум Дӯстмуроди Алӣ, овозхони маъруфи кишвар

Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба  ёдбуди марҳум Дӯстмурод Алиев, Ҳофизи мардумии Тоҷикистон консерти дилнишине баргузор гардид.

dustmurodi-ali-24042013Дар ин маҳфил, ки бо ибтикори сарояндаи тоҷик Мирзои Сарбоз, яке аз шогирдони ин овозхони маъруф ва Фурқат Саид, раҳбари бадеии ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ба вуқуъ пайваст, Шоири Халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, шоир ва файласуфи маъруфи кишвар Назри Яздонӣ суханронӣ намуда хотираҳои ҷолиби хешро дар робита бо зиндагонии ин дӯсти ҷавонмаргу нобишкастаармонашон ба ҳозирин қисса карданд.

Дар консерт овозхонҳои шинохтаи кишвар Амриддин Кабиров, Муҳаррама Шарифова, Луҳира Мӯминова, Ҷовидони Зафар, Сарабек Раҳмонов ва дӯстону пайравони шодравон Дустмурод Алиев, азҷумла Мирзои Сарбоз, бародари Дӯстмурод Алиев Раҷабмурод Алиев, писараш Наврӯзи Дӯстмурод ва дигарон сурудҳои мондагори ин сарояндаи нотакрори кишварро пешкаши мухлисони садояш карданд.

Сухану ҳарфҳои ровии хушлаҳни кишвар Субҳони Ҷалил ба ҳусни ин маҳфили зебову дарёдмонданӣ ҳусни бештаре зам карданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi