18:52:42 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Таҳдид ба боз як узви Тоҷикистони нав

Мавҷуда Соҳибназарова, як узви Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар пайи дарёфти нома ва зангҳои таҳдидомез ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат кардааст. Мавҷуда Соҳибназарова рӯзи 29-уми май ба мо гуфт, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва телефон ба ӯ аз тарафи афроди ношинос таҳдид шудааст, ки аз сафи ин ҳизб хориҷ шуда, аз тариқи матбуот хориҷ шуданаш аз ин гуруҳро эълон намояд.

hizbi-nav-29052013Хонум Соҳибназарова афзуд, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба адреси ӯ номаи анонимӣ омадааст, ки дар он таҳдид шуда, ки дар сурати хориҷ нашуданаш аз ҳизби Тоҷикистони нав, кушта хоҳад шуд. Мавҷуда мегӯяд, ки нафаре ин номаро навиштааст, вазъи хонаводагии ӯро хуб медонад: «Дар нома гуфта шудааст, ки агар аз ҳизб хориҷ нашавам, мурдаи шавҳарамро аз Русия меоранд ва ба ҷони писарам, ки донишҷӯ аст қасд хоҳанд кард, духтарам ва худамро бадном хоҳанд кард.»

Ба гуфтаи Мавҷуда, рӯзи шанбе як нафар ба ӯ занг зада гуфтааст, ки агар барои шомил шуданаш ба ҳизби Тоҷикистони нав ягон нафар бадахшониро аз Душанбе ба Хоруғ ронанд, аз сад ҷонаш як ҷонаш раҳо нахоҳад шуд. Вай мегӯяд, ки вақте рақами ин занги телефониро ташхис карданд, маълум шуд, ки телефон ба Равшанбек Шоҳтутиев, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ тааллуқ дорад, вале маълум нест ин шахс кист.

Мавҷуда Соҳибназарова меафзояд, ки дирӯз ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат намуда ва дар суҳбат бо намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳдидҳоро дар миён гузоштааст: «Ман ба намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтам, ки агар онҳо дастандаркорони занги телефон ва номаи анонимиро фош накунанд, ба ҳамаи созмонҳои байналиаллӣ муроҷиат хоҳам кард.»

Қаблан ҳамчунин номаи анонимӣ ба унвони Зайд Саидов, раҳбари  Гурӯҳи ташабускори ҳизби Тоҷикистони нав низ нома расида ӯро таҳдид карда буданд. Ба дунболи ин нома Зайд Саидов аз тарафи мақомоти қудратӣ мавриди таъқиб қарор гирифт ва рӯзи 19 май боздошт шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi