18:12:57 14-уми Июни 2025 сол

Ҳунарнамоии беҳтарин паҳлавонони бокси ҳирфаӣ дар Душанбе

22-юми июни соли равон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мусобиқаи бокси ҳирфаӣ баргузор мешавад.

sheri-tojik 14062013Дар мусобиқаи мазкур ду муштзани шинохтаи тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев ва Шералӣ Достиев бо муштзанҳои гурҷистонӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Шералӣ Маҳмадалиев бо Ҷаба Шалуташвили ва Шералӣ Достиев бошад бо Кахабер Аветисиён ба ринг мебароянд. Шералӣ Маҳмадалиев, ки ҳамагӣ 31 сол дорад, соли 2010-ум соҳиби камарбанди WBO EUROPEAN ва PABA (Созмони Аврупоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) дар вазни ниммиёна гардида буд ва ду сол қабл унвонашро аз даст дод. Ӯ, ки дар бокси ҳирфаӣ бо лақаби “Шери тоҷик” шинохта шудааст, аз соли 2008-ум то имрӯз ҳамагӣ 18 қувваозмоӣ карда, 16-маротиба (9-бор бо нокаут) пирӯз шуда ду бор (дар яке бо нокаут) мағлуб гаштааст.

Шералӣ Маҳмадалиев моҳи майи соли ҷорӣ дар қувваозмоии 18-уминаш дар бокси ҳирфаӣ рақибаш Cтанислав Леонови литовиро шикаст дод. Дар ин қувваозмоие, ки дар шаҳри Пскови Русия барпо гардид, муштзани тоҷик рақибашро дар раунди дуюм пеш аз муҳлат ба накаут фиристод.

Шералӣ Достиев бошад 27-сол дорад, ӯ аз соли 2009-ум дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ ширкат меварзад. Вай ҳамагӣ 10 қувваозмоӣ анҷом додааст ва дар ҳаштоаш пирӯз гашта, яктоашро мусовӣ анҷом дода ва яктои дигарашро бохтааст. Шералӣ Достиев охири соли гузашта дар шаҳри Черкассии Украина дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни то 55,8 кило аз рақибаш Мамед Ёдгорови украинӣ мағлуб шуда буд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854