01:58:50 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

5 чӯпон ва садҳо гӯсфанд дар марзи Ӯзбакистон рабуда шудандъ

Сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент иддао доранд, ки 15 июн садҳо сар гӯсфанд ва панҷ чӯпони маҳаллӣ аз ҷониби марзбонони Ӯзбакистон рабуда шуданд.

chupon 21062013Раиси ҷамоати Моғиён Ҳикматулло Эшонов рӯзи 21-уми июни дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо аз сарнавишти панҷ чӯпон ва садҳои сар гӯсфанди худ нигаронанд ва мунтазири мақомоти амниятӣ ҳастанд, ки таҳқиқи масъаларо шурӯъ кунанд. Қарор аст имрӯз ходимони амниятии Тоҷикистон барои раҳо кардани чӯпонҳо ва гӯсфандон ба ин минтақаи марзӣ бирасанд.

Намозбой Қурбонхоҷаев, як сокини деҳаи Моғиёни ноҳияи Панҷакент, ки дар 250-километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, мегӯяд, ин ҳодиса рӯзи шанбеи 15 июн, соати 5-и бегоҳ, ҳангоми убури рама аз чарогоҳи марзии "Оқатоб" (дар қаламрави Тоҷикистон) рух дод. Ба иддаои ӯ, сарҳадбонони Ӯзбакистон ба чарогоҳ ворид шуданд ва 2200 сар гусфанд, 41 гов ва 5 чӯпонро ба тарафи «Шутқишлоқ»-и Ӯзбакистон бурдаанд.

«То ҳол дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, ҳарчанд ба сарҳадбонони тоҷик ба  ҷамоати деҳоти Моғиён муроҷиат кардаем, вале то ҳол касе ба доди мо нарасидааст», меафзояд Қурбонхоҷаев.

Намозбой Қурбонхоҷаев дар посух ба саволи хабарнигори мо, ки оё сабаби интиқоли гӯсфандон ва чӯпонҳо ба он сӯи марз чӣ бошад, гуфт, ба эҳтимоли онҳо, ду ҳафта пеш сокинони деҳаи марзии Фароби ноҳияи Панҷакент ба деҳоти ҳаммарзи Ӯзбакистон убур карданд ва ҳудуди 1700 сар гӯсфанди сокинони он минтақаро ба қаламрави Тоҷикистон оварданд.

«Агар инҳо гӯсфандҳои ӯзбакҳоро намедуздиданд, мо, ки дуртар аз марз дар деҳаи Моғиён зиндагӣ мекунем, ҷабр намедидем», - тахмин зад ҳамсӯҳбати мо.

Ҳамакнун, як ҳафта мешавад, ки сокинони ҷавони ҷамоати Моғиён, ки бо чӯпонӣ машғуланд, яъне Тулибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаров дар он сӯи марз "ба таври иҷборӣ" нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматулло Эшонов, раиси Шӯрои ҷамоати Моғиён гуфт, ки қарор аст соати 11-и субҳи шанбе марзбонон ва ходимони амниятии Тоҷикистон ва Узбакистон дар гузаргоҳи Ҷартеппаи Самарқанд (рӯбарӯ бо гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон) дар робита ба масъалаи интиқоли чӯпонҳо ва баргардонидани рамаи гӯсфандон гуфтушунид кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi