Майор пас аз 9 соли фирор боздошт ва зиндонӣ шуд
Пас аз нӯҳ соли фирор Баҳриддин Иброҳимов, собиқ сардори дидбонгоҳи «Себандӣ» дар ноҳияи Шӯрообод боздошт ва бо ҳукми Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон барои 13 сол равонаи зиндон гардид.
Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки майор Баҳриддин Иброҳимов ҳангоми фаъолият ҳамчун сардори дидбонгоҳи сарҳадии «Себандӣ», ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор даст задааст. Имрӯз, 21-уми июн аз ҳукми Додгоҳи ҳарбии Хатлон даҳ рӯз гузашт ва ҳамакнун он ба қувваи қонун даромад.
Баҳриддин Иброҳимов соли 2004 бо воситаи додарарӯсаш Қурбонов Маҳмудҷон, бо тахалуси «Миша» то деҳаи Қоқободи ноҳияи Восеъ беш аз 22 килограм афюнро меорад ва дар хонаи Нурмадов Муруватшоҳ пинҳон мекунанд. Маводи мухаддир аз хонаи Нурмадов пайдо мегардад ва ӯ пас аз боздошт «бори Иброҳимов» будани ин миқдор маводи мухаддирро тасдиқ мекунад.
Пас аз боздошти додарарӯсаш ва Нурмадов Муруватшоҳ, Иброҳимов ба Русия фирор мекунад ва моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми дар ватан будан аз ҷониби кормандони умури дохилӣ боздошт мешавад.
Дидбонгоҳи «Себандӣ», ки Баҳриддин Иброҳимов дар он фаъолият дошт, наздики деҳаи Қавоқ, ки онро «деҳае дар чорроҳаи маводи мухаддир» низ ном мебаранд, ҷой гирифтааст.
Додараруси Иброҳимов бо тахалуси «Миша» пас аз зиндонӣ шудан дубора авф мешавад, вале ҳоло бинобар гумонбар донистани ӯ дар муомилоти маводи мухаддир, дубора дар пайгард қарор дорад.
«Озодӣ»