18:11:58 14-уми Июни 2025 сол

Китобфурӯшии Симурғ ба фаъолият шуруъ кард

«Китобфурӯшии Симурғ» чунин ном дорад мағозаи китобфурӯшие, ки  ҳафтаи гузашта дар яке аз толорҳои барҳавои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Муассиси ин китобфурӯшӣ Шаҳобуддини Шуҷоъ, олими шинохтаи тоҷик, соҳиби нашриёти хусусии «Бухоро» мебошад.

simurgh 23062013Носирҷон Салимов, директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ва Гулназар Келдӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон ҳозиринро бо кушодашавии боз як маркази нури маърифат табрику муборакбод гуфта орзу намуданд, ки китобфурӯшии мазкур дар роҳи рушду инкишофи маънавии миллат, махсусан насли навраси он, корҳои шоёну муфидеро анҷом бидиҳад.

Шаҳобуддини Шуҷоъ дар сӯҳбат бо хабарнигори «Рӯзгор» иброз дошт, ки феълан китобфурӯшӣ дорои беш аз 30 ҳазор нусха китоб аст, ки онҳо тамоми мавзуъҳои ҳаёти имрӯзаро дарбар мегиранд. Дар ин мағоза китобҳое ба фурӯш гузошта шудаанд, ки дар хориҷ аз кишвар низ ба табъ расидаанд.

Китобфурӯшӣ дар барномаи кории худ гузаронидани вохӯрӣ бо адибон, рӯнамоии китобҳо, ва дигар чорабиниҳои фарҳангиро ба нақша гирифтааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854