11:48:14 01-уми Майи 2026 сол
РАСМУССЕН: "ҚАСДИ ҲАМЛА БА ЭРОНРО НАДОРЕМ" 04.11.2011 20:18 1082
Дар пайи интишори гузоришҳо дар мавриди эҳтимоли ҳамла ба Эрон, НАТО гуфт, ки қасди мудохила дар Эронро надорад. Ба тозагӣ гузоришҳое мунташир шудааст, ки аз талошҳои Бенёмин Нетаняҳӯ, нахуствазири Исроил, барои қонеъ кардани ...
МИЛЛАТГАРОҲО ДАР РУСИЯ: "МАСКАВ ШАҲРИ РУСҲОСТ!" 04.11.2011 20:05 1088
Миллатгароёни рус рӯзи 4 ноябр дар шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла Маскав раҳпаймоӣ доир карданд. Аз ҷумла, дар раҳпаймоии миллатгароҳо дар шаҳри Маскав беш аз 10 ҳазор нафар иштирок карданд.
БРИТОНИЁ БАРОИ ҲАМЛА БА ЭРОН ОМОДА МЕШАВАД? 03.11.2011 14:58 1112
Рӯзномаи “Гуардиан” навиштааст, ки артиши Бритониё барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон омодагӣ мебинад. Бино ба гузориши рӯзнома, нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши нигаронҳо аз барномаи атомии Эрон, дар ҳоли беҳбуд бахшидан ба тарҳҳои ...
НАХУСТВАЗИРИ ҶАДИДИ ЛИБӢ ИНТИХОБ ШУД 01.11.2011 12:02 1258
Шӯрои Миллии Интиқолӣ дар Либӣ Абдураҳмон Алкайбро ба унвони нахуствазири ҷадиди ин кишвар таъйин кардааст. Абдураҳмон Алкайб дар рақобат бо ҳашт довталаби дигар тавонист бо раъйи 26 узв аз 51 узви ин шӯро ба раёсати давлати муваққати ...
АМРИКО КӮМАКИ МОЛӢ БА ЮНЕСКО-РО ҚАТЪ КАРД 01.11.2011 11:52 1291
Кохи Сафед маблағгузории ЮНЕСКО, Бунёди маорифу илм ва фарҳанги СММ-ро муттавақиф кардааст. Ба гуфтаи Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Вошингтон аз ироаи 60 миллион долларе, ки бояд ин моҳ ба ЮНЕСКО...
ОБАМА ВА САРКОЗӢ ДАСТУРИ ҚАТЛИ ҚАЗЗОФИРО СОДИР КАРДАНД 29.10.2011 10:37 1294
Як нашрияи фаронсавӣ дар гузорише фош карда, ки Амрико ва Фаронса қабл аз кушта шудани Муаммар Қаззофӣ ба ин тавофуқ расиданд, ки вай набояд аз даргирҳои ин кишвар зинда берун биёяд. Тибқи хабаргузории “Форс”, “Қаззофӣ аз сӯи Вашинтон ва Порис маҳкум ...
ВОКУНИШ БА "САФОРАТИ ИНТЕРНЕТӢ"-И АМРИКО БАРОИ ЭРОНИЁН 27.10.2011 20:40 1249
Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон суханони вазири умури хориҷии Амрико дар мавриди роҳандозии сафорати интернетӣ ё маҷозии ин кишвар барои эрониёнро "заъфи сиёсӣ"-и Иёлоти Муттаҳида донист. Оқои Лориҷонӣ дар изҳороте, ки мунташир кард ...
ЛУКАШЕНКО ХОСТОРИ ИХРОҶИ ӮЗБАКИСТОН АЗ СПАД ШУД 26.10.2011 21:59 1316
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус, хостори ихроҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шудааст. Оқои Лукашенко ин мавзӯъро дар дидор бо руасои порлумони кишварҳои узви СПАД дар пойтахти Белорус матраҳ кардааст.
САЙФУЛИСЛОМ, ПИСАРИ ҚАЗЗОФӢ АЗ ХУД ДАРАК МЕДИҲАД 26.10.2011 19:21 1366
Фарзанди диктатори сарнагуншудаи Либия дар дуввумин паёми худ пас аз марги падараш таҳдид кардааст, ки дар Либия хуни тоза ба роҳ меандозад ва фурӯдгоҳҳову чоҳҳои нафти Либияро ба оташ мекашад. Тибқи хабаргузории “Форс” Сайфулисломи Қаззофӣ ...
“ЭРОН БА ХОТИРИ ТАРҲИ СӢИҚАСД БОЯД ҶАВОБ ДИҲАД!” 25.10.2011 19:57 1162
Амрико тасмим дорад, дар ҷавоб ба тарҳи сӯиқасди хунсошуда ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ, ки ба қавли мақомоти амрикоӣ аз тарафи Эрон сарпарастӣ шудааст, Бонки марказии Эронро аз муомилоти байнулмилалӣ маҳрум кунад.
КЛИНТОН БА ПОКИСТОН: "ЛОНАҲОИ ТУНДРАВОНРО МАҲВ КУНЕД" 21.10.2011 18:49 1173
Амрико бо афзоиши фишор ба Покистон, дигарбора аз ин кишвар хост барои маҳви лонаҳои тундравон кӯшиши бештар кунад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико баъд аз мулоқотҳояш бо раҳбарони Покистон дар Исломобод возеҳу ошкор гуфт ...
ЛУЖКОВ ДАР БОРАИ "ҶОЙИВАЗКУНӢ"-И ПУТИНУ МЕДВЕДЕВ 20.10.2011 20:45 1166
Юрий Лужков пас аз як соли барканории худ мегӯяд, медонад, ки кадоме аз зердастонаш ӯро “фурӯхтааст”. Шаҳрдори мустаъфии Маскав дар сӯҳбати худ бо бахши русии Радиои Озодӣ ба ояндаи ҳизби “Единая Россия” ё “Русияи Воҳид” ...
ШӮРОИ ИНТИҚОЛИИ ЛИБӢ: ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУД 20.10.2011 20:39 1131
Дар Либӣ мақомоти Шурои Миллии Интиқолӣ аз кушта шудани Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи Либӣ дар ҷараёни даргириҳо дар шаҳри Сирт хабар додаанд. Пештар Мақомоти давлати муваққати Либӣ пас аз ҳафтаҳо даргирӣ аз кунтрули комили ...
ТАЛОШИ ПОКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ УЗВИЯТ ДАР ШӮРОИ АМНИЯТ 19.10.2011 21:05 1225
Рӯзи 21 октябр панҷ кишвар барои ба даст овардани узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ талош хоҳанд кард. Покистону Қирғизистон аз ҷумлаи он кишварҳо мебошанд, ки барои соҳиб шудан ба курсии кишварҳои Осиёву Араб изҳори омодагӣ кардаанд.
АРТИШИ ТУРКИЯ БА "ПОЙГОҲҲОИ ПКК" ДАР ШИМОЛИ ИРОҚ ҲАМЛА КАРД 19.10.2011 20:59 1036
Артиши Туркия дар таъқиби пайкорҷӯёни курд аз марз бо Ироқ убур карда ва нерӯи ҳавоии ин кишвар мавозеъи курдҳоро дар шимоли Ироқ ҳадафи ҳамла қарор додааст. Рӯзи чаҳоршанбе, 19 октябр, манобеъи низомии Туркия таъйид карданд, ки воҳидҳои заминии артиши ин кишвар дар таъқиби пайкорҷӯёни ҳизби коргарони курд, ПКК, аз марз ....