13:23:01 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Гӯшонаҳо дар пояи тахти шоҳи бемори Саудӣ

Бархе аз нашрияҳо хабари марги подшоҳи Арабистони Саудиро нашр карданд, вале мақомоти саудӣ мегӯянд, Абдулло ибни Абдулазиз ал-Сауд дар бемористон аст ва шифо меёбад.

khabar-655441471221.jpgДар паёми солонаи худ подшоҳи Арабистони Саудӣҳафтаи гузашта ба мардуми кишвараш расонд, ки коҳиши нархи нафтро беосеб пушти сар хоҳад кард ва ҳам ба низоъҳои ду ҳамсояи худ – Ироқ ва Яман ба сурати дуруст расидагӣ хоҳад кард.

Вале таъсири ин паём бузург набуд, зеро он на аз забони подшоҳи 90-сола, балки аз тарафи шоҳзодаи валиаҳд Салмон бин Абдулазиз садо дод. Шоҳ бемор аст ва аз 31-уми декабр ба ин сӯ дар бемористон бистарист.

Ин ҳол овозаҳоро дар бораи марги ӯ ба олам сар додааст ва бархе ҳам мегӯянд, хабарҳои дурӯғро онҳое нашр мекунанд, ки дар орзуи фавти подшоҳанд. Вале роҳи ҳама сӯи Ӯст ва шоҳи Арабистон ҳам истисно нест. Пас аз сари Абдулло ибни Абдулазиз тахти шоҳӣқарор аст, ба бародари ӯ шоҳзодаи валиаҳд Салмон гузарад, ки 79-сола аст ва низ саломатии хубе надорад. Таҳлилгари умури Ховари Миёна Муҳаммад Бозз ба нақл аз манобеи худ мегӯяд, Салмон гирифтори ҷунун ва камақлист. Ба навиштаи манобеи исроилӣ, ӯ соле пеш сактаи мағзӣ кардааст. Ба ин тартиб Саудия дар чорроҳа аст ва масъалаи вориси тахти муҳимтарин кишвари тавлидкунандаи нафти ҷаҳон зери суол аст.

Салмон сар аз моҳи гузашта бештар дар мазҳари ом намудор мешавад ва дар охирин нишасти сарони кишварҳои Халиҷи Форс дар Қатар аз Саудия намояндагӣ кард. Агар шоҳ Абдулло даргузарад ё ба иллати нотавонӣ аз тахт фурояд, Салмон подшоҳи Арабистони Саудӣ хоҳад шуд, аммо бо он вазъи саломатие, ки дорад, гумон намеравад, муддати ҳукуматаш дароз бошад. Ин ҳам рӯшан нест, ки Салмон киро вориси худ эълон хоҳад кард ва қарори ӯ метавонад, муросову мудоро дар хонадои Оли Саудро баҳам занад.

Шоҳзода Мурқини 69-сола, ки сарвари хадамоти ҷосусии Саудия буд ва ҳам дар чанд вазифаи баланди давлатӣ кор кард, соли гузашта аз тарафи Абдуллоҳ ба вазифаи навтаъсиси “муовини шоҳзодаи валиаҳд” таъин шуд ва дар навбат ба тахти подшоҳӣ баъд аз Салмон дар ҷои дувум меистад. Аммо, ба навиштаи “Irish Examiner” ин ҳаққи подшоҳи нав аст, ки валиаҳди худро интихоб кунад. Агар Салмон Мурқинро барканор кунад, барои тахти подшоҳии Саудия дар хонадони шоҳӣҷанҷоле ба миён хоҳад омад. Ва ҳатман ин кашокаш ба бозори ҷаҳонии нафт таъсир хоҳад дошт. Ин ҳам дар ҳоле ки нархи нафт дар ҳоли суқут аст ва пешгӯӣ мешавад, ки дар нимаи аввали соли 2015 то 40 доллар поин хоҳад омад.

Ба ғайр аз тахтнишинии мунтазираи Салмон, сулолаи саудӣ дар робита бо низоми меросии шоҳигарӣ бо мушкили бузургтаре рӯбарӯст. Шоҳигарӣ дар соли 1932 аз тарафи Абдулазиз ал-Сауд таъсис ёфтааст. Низоми мероиро ӯ ба гунае муайян кард, ки тахт аз писари калонӣ ба писарони хурдӣ интиқол меёбад. Вақте ки вай дар соли 1953 даргузашт, аз худ 35 писар боқӣ гузошт. То ҳоло 5 писари ӯ шоҳ шуданд. Дар ҳоле ки писарони калонсоли Абдулазиз яке паси дигар фавтиданд ё пир шуданд, нақшаи рӯшане барои интиқоли тахт ба насли “нав”-и шоҳзодаҳо – наберагони бешумори ӯ ба миён наомад.

Мурқин ҷавонтарин писари Абдулазиз аст, ки метавонад, вориси тахт бошад. Чанд бародари бузург ё хурдтари ӯ фавтидаанд. Агар Мурқин подшоҳ шавад, бояд валиаҳди худро аз миёни насли савуми шоҳзодаҳо интихоб намояд. Аммо, ба навиштаи “The Middle East Monitor”, вай дар дарбор ба андозае қавӣ нест, ки писари худро ворис баргузинад.

Як ақида ин аст, ки подшоҳи феълӣ Абдулло ибни Абдулазиз барои он Мурқинро вориси дувуми тахт кард, ки баъдан яке аз писарони Абдуллоро вориси худ кунад. Шореҳи Радиои Фардо Муроди Вайсӣ мегӯяд, ҳамзамон чеҳраҳои бонуфузи дигаре низ дар ҳукумати Саудия ҳастанд, ки мумкин аст, табдили ҷой кунанд, аммо қоидаҳои шоҳигарӣҳифз ва муроот хоҳанд шуд. Вале таҳлилгарони дигар бар инанд, ки заъфи Салмон мумкин аст, дар дохили хонадон таконҳоеро ба миён орад.

Бар замми душвориҳое, ки коҳиши нархи нафт барои Саудия ба миён овардааст, раҳбари ояндаи ин кишвар бо мушкили дигар – нигаҳдошти Эрон, рақиби Саудия дар минтақа сару кор хоҳад дошт. Ду қудрати минтақа дар чанд арса бо ҳам сар ба саранд – Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман ва Баҳрайн. Арабистони Саудӣ барои он ба коҳиши нархи нафт манфиатдор аст, ки Эрон ва Русияро барои ҳимояташон аз ҳукумати Башор Асад дар Сурия ҷазо диҳад.

Дурнамои вазъ дар Сурия ва Ироқ низ метавонад ба сиёсатҳои Саудия таъсир гузорад. Саудия аз ҷиҳодиёни суннӣ ва Эрон аз аносири шиъа дар ҳукуматҳои ду кишвари ҷангзада ҳимоят мекунанд. Саудия ҳамеша худро раҳбари ҷаҳони мусулмон мешуморад, вале чанд даҳаи ахир ин нақши онро Эрон ба чолиш кашидааст. Подшоҳи нави Саудия гумон аст, тавонад, сиёсати хориҷии ин кишварро ҷиддан тағйир диҳад, аммо вай ва дарбор маҷбур хоҳанд буд, ворисони ояндаи тахтро муайян кунанд, ки метавонад ояндаи шоҳигариро дигаргун созад.

(Бо истифода аз матолиби хабаргузорӣ ва нашрияҳо)

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi