Алон Мизрахи: “Бохти ИМА ва Исроил дар ҷанг алайҳи Эрон”
Мо шоҳиди таърих ҳастем. Эрон, ба ҳайрати ҳама, пойгоҳҳои амрикоиро чунон дақиқ, васеъ ва қатъӣ нобуд мекунад, ки ҷаҳон ба чунин ҳолат омода нест. Дар давоми 4 рӯз Эрон тавонист доираи ҳукмронии низомии худро дар минтақа васеъ кунад. Эрон арзишмандтарин ва гаронтарин пойгоҳҳои низомӣ, таҷҳизот ва амволи ҳарбиро дар ҷаҳон нобуд кардааст.
Пойгоҳҳои амрикоӣ дар Баҳрайн, Кувайт, Қатар ва Арабистони Саудӣ аз бузургтарин иншооти низомӣ дар тамоми ҷаҳон мебошанд. Барои бунёди ин пойгоҳҳо дар тӯли чанд даҳсола триллионҳо доллар сарф шудааст. Мо дар бораи он сухан мегӯем, ки қисми асосии хароҷоти низомӣ, ки дар тӯли зиёда аз 30 сол сарф гардида буд, ба дуд табдил ёфтааст.
Мо мебинем, ки радарҳое, ки арзиши ҳар кадомашон садҳо миллион доллар аст, дар як лаҳза нобуд мешаванд. Мо мебинем, ки пойгоҳҳои низомӣ тарк карда мешаванд, сӯзонда мешаванд ва ба харобазор табдил меёбанд. Ва ман ба шумо мегӯям: то ҷое ки ман медонам, Иёлоти Муттаҳида дар тамоми таърихи худ ҳеҷ гоҳ чунин талафоти бузургро надидааст, ба истиснои шояд Перл-Харбор, аммо он ҳам танҳо як ҳамла буд.
Ҳеҷ як душман дар ҷанги муқаррарӣ бо низомиёни амрикоӣ чунин рафтор накардааст, чуноне ки эрониҳо ҳоло бо онҳо рафтор мекунанд. Ба ин бовар кардан душвор аст. Вазъияти низомӣ то ҳадде ҷиддӣ аст, ки цензура қариб ҳама гуна маълумоти нави марбут ба ин ҷангро махфӣ нигоҳ медорад. Агар шумо диққат карда бошед, ҳар рӯз мо камтар ва камтар маълумот мегирем.
Сию панҷ сол пеш, дар ҷанги аввалини Ироқ, ба мо пайваста наворҳо аз Ироқ нишон медоданд. Он вақт бомбаҳои “ҳушманд” ва камераҳо дар ҷанг ба тозагӣ истифода мешуданд, вале ҳар шом мо наворҳои шабонаро медидем. Ҳоло бошад, қариб ягон видео намебинем.
Инро дарк кунед! Гӯё бузургтарин қудрати низомии ҷаҳон, ки имкониятҳои азими ҳавоӣ дорад, дар тӯли 4 рӯз — вақте ки ИМА ба ҳамла гузаштааст ва гӯё дифои Эронро рахна кардааст — мо ягон нишонаи бартарии Амрико дар осмони Эронро намебинем. Агар воқеан чунин бошад, пас наворҳои парвози ҳавопаймоҳои мо болои Теҳрон ё дигар шаҳрҳои Эрон куҷоянд?
Сарбозони амрикоӣ ҳатто орзу карда наметавонанд, ки ба хоки Эрон қадам гузоранд. Ва барои фаҳмидани он ки ин ҷанг то чӣ андоза ноумедкунанда аст, дар рӯзи чаҳорум шумо аллакай пешниҳодҳо ва идеяҳои девонаворро аз маъмурияти Трамп мешунавед. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки ба танкерҳои нафтие, ки аз Халиҷи Форс мебароянд, ҳамроҳии ҳарбӣ фиристанд. Шумо дар бораи чӣ гап мезанед?! Мехоҳед киштиҳои амрикоиро ба минтақае фиристед, ки дар он ҷо ҳазорҳо мушаки эронӣ метавонанд онҳоро ҳадаф қарор диҳанд? Ҳоло ҳеҷ кас наметавонад аз гулӯгоҳи Ҳурмуз гузарад.
Эрониҳо барои ин даҳсолаҳо омодагӣ дидаанд. Ҳоло онҳо ҳатто идеяи мусаллаҳ кардани нерӯҳои курдиро барои ҳамла ба Эрон пеш меоранд. Дар бораи чӣ ҳарф мезанед? Шумо харитаи Эронро дидаед? Гӯё маъмурияти Трамп ҳеҷ гоҳ харитаи Эронро надидааст! Медонед, ки ин кишвар чӣ қадар бузург аст? Чӣ маъно дорад “ба Эрон ҳамла кардан”? Фикр мекунед, ки як гурӯҳи мусаллаҳи 10 ҳазорнафарӣ метавонад ба Эрон ҳамла кунад? Ё ҳатто 50 ҳазор? Ё 100 ҳазор? Эрон онҳоро фурӯ мебарад.
ИМА ва Исроил аллакай ин ҷангро бохтаанд. ИМА ва Исроил метавонанд миллионҳо ғайринизомиро дар хонаҳояшон бикушанд. Онҳо бомбаҳои пурқувват доранд ва метавонанд биноҳоро тарконанд, аммо ин ҷангро бурда наметавонанд. Зеро инфрасохтори низомии Эрон ва силоҳҳои он дар тамоми кишвар дар зери замин ҷойгир шудаанд. На амрикоиҳо ва на махсусан исроилиҳо наметавонанд ба онҳо дастрасӣ пайдо кунанд. Онҳо дар вазъияти бисёр бад қарор доранд.
Онҳо чизеро оғоз карданд, ки имкони ба анҷом расонидани онро надоранд. Вақте ки ҳамаи ин ба поён мерасад, Иёлоти Муттаҳида дигар ҳеҷ гоҳ ба Осиёи Ғарбӣ барнамегардад. Ҳузури Амрико дар Ховари Миёна дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Ман инро ҳоло бо итминон мегӯям.
Алон Мизрахи, рӯзноманигори исроилӣ
Маводи мазкур аз саҳифаи фейсбукии Шамсулло Фозилов бознашр шудааст.
















