15:34:39 24-уми Июни 2025 сол

ФАРМОНДЕҲИ МАРЗБОНОНИ РУС ИВАЗ ШУД

Бо фармони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев полковник Михеев Анатолий Дмитриевич сардори гурӯҳи зудамали марзбони Хадамоти федералии амнияти Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа генерал – майор Василий Василйевро иваз намуд, ки чанд рӯз пеш ба ҷои нави хизматаш рафт.

 

Полковник Михеев Анатолий Дмитревич соли 1959 дар Ҷумҳурии Қазоқистон таваллуд шуда, соли 1982 Омӯзишгоҳи олии қумондонони ҷузъу томҳои марзбони ордени Байрақи сурхдори Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Дзержинский, соли 1993 Академияи ҳарбии ба номи Фрунзе ва соли 2003 Академияи ҳарбии Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русияро хатм кардааст.

 

Мавсуф дар ҷузъу томҳои марзбон дар сарҳадҳои Эрон, Финляндия, Афғонистон ва баъдан дар Дастгоҳи марказии Раёсати марзбони Хадамоти федералии амнияти Русия хизмат намудааст. А.Михеев дар давоми солҳои 1993 – 1997 сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар гурӯҳҳои марзбони Хоруғ, Қалъаи Хум ва Раёсати гурӯҳи артиши марзбони Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҳимоя кардааст. Ӯ дорандаи мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ мебошад.

 

Наталя Михайлова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1446-farmondehi-marzbononi-rus-ivaz-shud.html

 

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ