00:41:04 26-уми Июни 2025 сол

АРАБИСТОН ХОСТОРИ ИҚДОМЕ ФАВРӢ АЛАЙҲИ ЭРОН ШУД

Вазири хориҷаи Арабистони Саъудӣ рӯзи душанбе муассир будани таҳримҳои бештари Шӯрои Амният алайҳи Эронро зери суол бурд ва хостори роҳи ҳалле "фаврӣ" барои муқобала бо барномаҳои атумии Эрон шуд.

 

Шоҳзода Саъуд-ал-Файсал дар кунфронси хабарии муштарак бо Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Амрико, ки вориди Риёз шудааст, гуфт баландпарвозиҳои атумии Эрон таҳдиде алайҳи минтақа аст, ки ба ҷойи таҳримҳои бештар иқдоми сареътаре металабад. Вай гуфт: "Таҳримҳо роҳи ҳалли дарозмуддат ҳастанд. Аммо мо ин масъаларо кӯтоҳмуддат меангорем... Ба ҷойи роҳи ҳалле тадриҷӣ ба роҳи ҳалле фаврӣ ниёз дорем."

 

Вай ҳамчунин гуфт талошҳои Амрико барои муқобала бо силоҳҳои атумӣ бояд шомили Исроил ва зарродхонаи ҳастаии ин кишвар низ бишавад. Хонуми Клинтун барои ҷалби ҳимояти кишварҳои арабӣ аз таҳримҳои бештар алайҳи Эрон ба халиҷи Форс рафтааст. Ӯ пас аз дидор аз Қатар акнун вориди Арабистони Саъудӣ шудааст.

 

Пештар гузориш шуда буд, ки Ҳилорӣ Клинтун аз Арабистони Саъудӣ хоҳад хост ба Чин қавл диҳад бо афзоиши тавлиди худ ҳар гуна адами (набуди) таъодул дар бозори нафтро ҷуброн кунад. Чин ба далели нигарониҳои худ аз афзоиши баҳои энержӣ то кунун бо эъмоли (анҷоми) таҳримҳои бештар алайҳи Эрон мухолифат кардааст.

 

Аммо вазири хориҷаи Арабистони Саъудӣ гуфт Чин ба унвони яке аз қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ аз масъулиятҳои худ огоҳ аст ва ниёзе ба пешниҳодҳои Риёз надорад. Ҳилорӣ Клинтун дар ин кунфронси матбуъотӣ бо изҳори ин ки Сипоҳи Посдорон бар "арсаҳои мухталифи ҷомеъаи" Эрон мусаллат шуда, гуфт умедвор аст, ки раҳбарии динӣ ва сиёсии Эрон иқтидори худро муҷаддадан бозёбад.

 

Ӯ пештар дар Қатар гуфт Эрон ба самти диктотурии низомӣ пеш меравад. Вай дар посух ба ин суол, ки оё Амрико барои ҳамла ба Эрон барномарезӣ мекунад, гуфт: "На, мо барномарезӣ мекунем ҷомеъаи ҷаҳониро барои эъмоли фишор ва таҳримҳои бештари Созмони Милали Муттаҳид бар ташкилоти таҳти кунтрули Сипоҳи Посдорон муттаҳид кунем."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1758-2010-02-16-12-38-06.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ