12:01:29 03-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ФАРМОНДЕҲИ НАТО: АВЗОЪИ АФҒОНИСТОН БУҲРОНИСТ

 

Фармондеҳи ҷадиди неруҳои НАТО дар Афғонистон авзоъи амниятӣ дар ин кишварро "буҳронӣ" хонда ва гуфтааст, ки ҳоло ноамнӣ ба шимоли Афғонистон ҳам рахна кардааст.

Женерол Стейнли Маккристал, ки ба тозагӣ фармондеҳии кулли неруҳои Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ва эътилофи мустақар дар Афғонистонро ба дӯш гирифта, нахустин сафараш ба вилоятҳои ин кишварро аз вилоятҳои шимолии Балх ва Форёб оғоз кардааст. Оқои Маккристал дар ин сафар ба хабарнигори Бибисӣ гуфт, ки ҳоло ноамниҳо аз манотиқи ҷанубии Афғонистон ба шимоли ин кишвар низ рахна кардааст.

Шуришиён дар вилоятҳои шимоли Афғонистон ҳузури қобили мулоҳиза надоранд ва ин вилоятҳо аз манотиқи нисбатан амн дар ин кишвар шумурда мешаванд.

Фармондеҳи НАТО дар ин сафар гуфт: "Ба назари ман авзоъ (дар Афғонистон) ба далели шуриши толибон ҷиддӣ аст. Мо ниёз дорем, ки ба вилоятҳои шимолии Афғонистон низ монанди манотиқи ҷанубӣ ва шарқии ин кишвар таваҷҷуҳ кунем."

Фармондеҳи неруҳои НАТО афзуд: "Дар шимоли кишвар манотиқе вуҷуд дорад, ки дар ин авохир бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шуда, мо бояд бо таваҷҷуҳ бо авзоъи кунунӣ имконоти худро ҳам аз назари неруи инсонӣ ва ҳам аз лиҳози молӣ ва таслиҳотӣ ба кор барем."

Маккристал, ки ҳамзамон бо вуруди ҳазорон сарбози тозанафаси омрикоӣ ба Афғонистон фармондеҳи НАТО ва эътилоф шудааст, гуфт, бо афзоиши ин неруҳо талошҳои бештаре барои кунтрули авзоъ дар ин кишвар ба роҳ андохта хоҳад шуд.

Аммо талафоти ғайринизомиён дар набард бо шуришиён дар бархе маворид аз чолишҳое аст, ки дар баробари маъмурияти фармондеҳи ҷадиди НАТО қарор дорад.

Фармондеҳи НАТО далели ин талафотро паноҳ гирифтани шуришиён дар миёни мардум ва манотиқи рустоӣ донист ва таъкид кард, ки барномаҳои тозаеро барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён рӯи даст хоҳад гирифт.

Фармондеҳи НАТО гуфт: "Нахустин ҳарферо, ки бояд ба хотир дошт, ин аст ки мо барои дифоъ аз мардум ба ин ҷо омадаем. Ба ҳамин далел бояд дар бораи ба коргирии силоҳҳои мухталиф дар амалиёти низомӣ диққати бештаре кунем."

Женерол Маккристал афзуд: "Ба ҳар сурат ҳангоми рӯёрӯӣ бо чунин ҳолате бояд бикӯшем, то қабл аз бакоргирии ҷангандаҳо ва дигар силоҳҳо бояд аз минтақа арзёбии дақиқтаре дошта бошем. Баъд бар асоси зарурат аз ин силоҳҳо истифода кунем."

Талафоти ғайринизомиён дар ҷанг бо террурисм дар Афғонистон ҳамвора ҷанҷолҳоеро барангехтааст, ҳатто дар бархе маворид сухан аз эҷоди фосила миёни неруҳои байналмиллалӣ ва давлати Афғонистон ба миён омадааст.

Мақомҳои давлати Афғонистон дар чанд моҳи ахир ба далели талафоти ғайринизомиён шадидан аз неруҳои хориҷии мустақар дар ин кишвар интиқод кардаанд.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳур талафоти афроди ғайринизомӣ дар амалиёти неруҳои НАТО дар Афғонистонро ғайриқобили таҳаммул дониста ва дар охирин маврид аз талафоти ғайринизомиён дар ғарби Афғонистон ӯ хостори таваққуфи ҳамалоти ҳавоӣ шуд.

Ҳамалоти ҳавоии неруҳои эътилоф дар вилояти Фароҳ дар ғарби Афғонистон дар моҳи гузашта даҳҳо ғайринизомиро кушт ва ба танишҳо дар равобити Афғонистон бо неруҳои байналмиллалӣ ба шиддат доман зад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi