ДУ МАҚОМИ АРШАДИ АМНИЯТИИ АФҒОНИСТОН ИСТЕЪФО ДОДАНД
Ду мақоми аршади амниятии Афғонистон ба далели кутоҳӣ дар таъмини амнияти баргузории нишасти машваратии сулҳи Кобул аз мақомҳояшон истеъфо додаанд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон истеъфои Ҳаниф Атмар, вазири дохила ва Амруллоҳ Солеҳ, раиси умумии амнияти миллии Афғонистонро пазируфтааст.
Дар нахустин рӯзи баргузории нишасти машваратии сулҳи Кобул, маҳалли баргузории ин нишаст ҳадафи ҳамалоти рокетӣ қарор гирифт ва нерӯҳои амниятӣ то наздик ба як соъат бо шӯришиёни муҳоҷим дар наздикии маҳалли баргузории нишасти сулҳ даргир шуданд. Ин ҳамалот ҳамзамон бо суханронии Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар гушоиши нишасти машваратии сулҳи Кобул сурат гирифт, аммо ба ҳеҷ кадом аз ширкаткунандагони ин нишаст осебе нарасид.
Дар эъломияе, ки аз суи раёсати ҷумҳурии Афғонистон мунташир шуда, омадааст, ки раиси ҷумҳур бо вазири дохила ва раиси умумии амнияти миллӣ дар мавриди ҳаводисе, ки дар рӯзи баргузории нишасти сулҳ сурат гирифт, ташкили ҷаласа дод.
Аммо эъломия афзудаааст, ки "тавзеҳоти" ироашуда аз суи ин ду мақоми амниятӣ барои раиси ҷумҳур қаноатбахш набудааст. Лаҳни ин эъломия мерасонад, ки вазири дохила ва раиси умумии амнияти миллии Афғонистон маҷбур ба канорагирӣ аз вазоифашон шудаанд.
"Далоили дохилӢ ва хориҷӢ"
Вале Амруллоҳ Солеҳ, дар як конфронси хабарӣ дар Кобул ин масъаларо рад кард. Оқои Солеҳ, ки дар хузури хабарнигорон истеъфономаи худро мехонд, гуфт: "Инҷониб Амруллоҳ Солеҳ, раиси умумии амнияти миллӣ истеъфои худро аз ин симат ба далели ин ки дар тартиботи амниятии ҷиргаи машваратии сулҳ ноком шудем, ба ҳузури раиси ҷумҳур ва миллати бузургвори Афғонистон тақдим медорам".
Ӯ афзуд: "Даҳҳо далел ва назокатҳои дохилӣ ва хориҷии дигар вуҷуд дорад, ки ман ба далели он аз симати худ истеъфо мекунам, аммо ҳоло ба ин далел намепечам".
Раёсати ҷумҳурии Афғонистон то таъини афроди ҷадид Муҳаммадмунири Мангал, муъовини вазорати дохиларо ба унвони сарпарасти ин вазорат ва Иброҳим Испинзода, муъовини шурои амнияти Афғонистонро ба унвони сарпарасти раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон таъин кардааст.
Истеъфои ин мақомоти амниятӣ ба шакли ғайримунтазирае эълом шуда ва дар рӯзҳои ахир ҳеҷ нишонае ҳокӣ аз чунин таҳаввуле набудааст. Амруллоҳ Солеҳ ва Ҳаниф Атмар дар гузашта низ як бор ба далели он чӣ кутоҳӣ дар тахмини амнияти маросими таҷлил аз пирӯзии муҷоҳидин дар Кобул хонда шуд, мавриди интиқоди густардаи маҷлиси намояндагони Афғонистон қарор гирифтанд.
Ин мақомот дар он замон аз суи маҷлиси намояндагони Афғонистон истизоҳ шуданд, аммо ин ҷаласа барои радди салоҳияти онҳо раъйи кофӣ наёвард.Ин нахустин бор аст, ки ду мақоми аршади давлатии Афғонистон ба далели "кӯтоҳӣ дар анҷоми вазифа" истеъфо медиҳанд.
Амруллоҳ Солеҳ аз собиқадортарин афрод дар раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аст, ки дар беш аз шаш соли гузашта раёсати ин ниҳодро бар уҳда доштааст. Ҳаниф Атмар, низ дар беш аз чаҳор соли ахир ба унвони вазири дохилаи Афғонистон кор карда буд, ӯ пеш аз ин вазири маъорифи Афғонистон буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2428-2010-06-06-16-51-09.html