18:53:42 28-уми Июни 2025 сол

ДОДГОҲИ "ҶОСУСОНИ РУСИЯ" ДАР НЮ-ЙУРК ОҒОЗ МЕШАВАД

Додгоҳе дар Ню-Йурк рӯзи панҷшанбе ба баррасии қазияи афроде, ки ба "ҷосусӣ барои Русия" муттаҳам шудаанд, оғоз мекунад. Мақомҳои Амрикоӣ мегӯянд иттиҳомоте, ки додситонии федероли Амрико алайҳи ин афрод матраҳ кардааст, барои анҷоми муҳокима кофӣ аст. Ҳамаи ин афрод ба анҷоми фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ба унвони омилони Русия дар қаламрави Амрико муттаҳаманд. Нӯҳ нафар аз онҳо ҳамчунин ба тавтеа ба манзури пулшӯйӣ муттаҳам шудаанд.

 

Фавран ба Ню-Йурк

Парвандаи ин афрод дар додгоҳи Манҳеттенро қозии минтақаӣ Кимба Вуд баррасӣ мекунад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки давлати Амрико нисбат ба ҳукми додгоҳ дар Ню-Йурк дар мавриди озодии Вики Палаэз ба қайди васиқа эътироз кардааст. Расидагӣ ба ин қазия рӯзи ҷумъаи 9 июл сурат мегирад. Рӯзи чаҳоршанбе панҷ тан аз муттаҳамон ба ноҳияи ҷанубии Ню-Йурк таҳвил дода шуданд. Ҷаласаи истимоъи парвандаи ду нафар аз муттаҳамон бо номҳои Майкл Зоттоли ва Патрисиа Милз дар додгоҳи федероли Вирҷиниё имрӯз лағв шудааст. Ба гуфтаи манобеъи додситонӣ, қозӣ Томас Роулз-Ҷонз тасмим гирифтааст ҷаласаи истимоъ лағв ва муттаҳамон ба Ню-Йурк таҳвил дода шаванд.

 

Дар асноди додситонӣ омадааст, ки ин тасмим бо тавофуқи мутақобилаи ҷонибҳои даъво гирифта шудааст. Тасмиме мушобеҳ қаблан дар мавриди Михаил Семенко гирифта шуда буд, ки расидагӣ ба қазияи ӯ мебоист рӯзи чаҳоршанбе дар додгоҳи Вирҷиниё баргузор шавад. Доналд Ҳитфилд ва Трейси Фолӣ, ки парвандаҳояшон дар додгоҳи федероли Бостон баррасӣ мешуд, низ рӯзи панҷшанбе "ба таври фаврӣ" ва бо дархости худи онҳо ба Ню-Йурк мунтақил шудаанд.

 

Панҷ тани дигар аз муттаҳамон дар Ню-Йурк ҳастанд. Ҳамаи онҳо рӯзи панҷшанбе дар соъати 14:45 ба вақти Вошингтун (ҳаволии соъати 12 шаб ба вақти Душанбе) дар додгоҳ баррасӣ хоҳанд шуд. Вазоратҳои адлия ва хориҷаи Амрико дар мавриди сабабҳои таҳвили муттаҳамони "ҷосусӣ барои Русия" ба Ню-Йурк ҳеч тавзеҳоти расмие ироа накардаанд. Аммо пештар намояндагони додситонӣ гуфта буданд, ки талош хоҳанд кард ҳамаи парвандаҳо ба додгоҳи Манҳеттени Ню-Йурк интиқол ёбад, зеро иттиҳомот алайҳи ҳамаи ин афрод дар ҳамон ҷо матраҳ шудааст.

 

Имкони табодул

Аз сӯйи дигар, гузоришҳои расида аз Русия ҳокист, ки Амрико мумкин аст бо табодули даҳ тан аз ин афрод бо зиндониёне, ки дар Русия ба ҷурми ҷосусӣ барои Амрико маҳкум шудаанд, мувофиқат кунад. Аммо мақомоти Амрикоӣ ва Русия дар ин бора ибрози назаре накардаанд.

 

Хабаргузории Итар-Тасс аз қавли Анна Ставитская, вакили як зиндонӣ дар Русия, ки ба ҷурми ҷосусӣ барои Амрико маҳкум шуда буд, овардааст, ки вай бо як фарди боздоштшуда дар Бритониё мубодила хоҳад шуд. Хонуми Ставитская гуфтааст, ки Маскав Игор Сутягин, донишманди зиндониро ба ивази як фарди боздоштшуда дар Бритониё, ки ҳувияташ маълум нест, аз Русия ихроҷ хоҳад кард.

 

Игор Сутягин, ки донишманди улуми ҳастаӣ мебошад, давраи маҳкумияти 15-солаи худро дар зиндон сипарӣ мекунад. Вай дар моҳи апрели соли 2004 дар додани иттилоъоти махфӣ ба як ширкати бритониёӣ, ки гӯё барои Созмони Иттилоъоти Амрико кор мекард, муҷрим шинохта шуд. Ба гуфтаи Дмитрий, бародари оқои Сутягин, мақомоти Русия ба вай гуфтаанд, ки ӯро дар ивази чанд ҷосус ба Бритониё таҳвил хоҳанд дод.

 

Мақомот бо Сутягин рӯзи душанбе дар зиндоне дар Архангелск вохӯрдаанд ва мақомоти Амрикоӣ низ дар ин дидор ҳузур доштаанд. Сипас, ин оқои Сутягин ба зиндони Луфортово дар Маскав мунтақил шудааст. Дар ҳоли ҳозир боз ду табаъаи Русия бо иттиҳомоти мушобеҳ дар зиндон ба сар мебаранд. Геннадий Сипачев дар моҳи майи соли 2010 дар додгоҳи Маскав ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд. Вай дар таҳвили нақшаҳои махфӣ ба Вазорати дифоъи Амрико муҷрим шинохта шуд.

 

Оқои Сипачев бо додситонҳо муъомила кард, ҷурми худро пазируфт ва барои муҳлати нисбатан камтаре муҷозот шуд. Вай дар охири моҳи май хост ба тасмими додгоҳ эътироз кунад, вале иддаъои худро пас гирифт. Дар моҳи июни соли 2003 Александр Запорожский, корманди собиқи Сервиси иттилоъоти хориҷии Русия, ба иттиҳоми хиёнат ба ватан маҳкум шуд. Вай ба ин муттаҳам шуда буд, ки иттилоъотеро дар бораи фаъолияти кормандони сервиси амниятии Русия ба хориҷиён таслим кардааст. Додгоҳ Александр Запорожскийро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

 

Дидори диплумотҳо

Ҳамакнун дақиқан маълум нест, ки муттаҳамони "ҷосусӣ барои Русия" дар Ню-Йурк мавриди мубодила қарор хоҳанд гирифт ё на, аммо дидори яке аз диплумотҳои аршади Амрикоӣ бо сафири Русия дар Вошингтун ба шоеъоте дар ин бора доман задааст. Тибқи гузоришҳо, субҳи рӯзи чаҳоршанбе диплумотҳои Амрикоӣ ва Русия дар Вошингтун дидоре бо ҳам баргузор кардаанд. Вилём Бернз, муъовини вазири хориҷаи Амрико дар умури сиёсӣ, бо Сергей Кисляков, сафири Русия дар Амрико, мулоқот кардааст.

 

Ҷонибҳо ҷузъиёти ин дидорро эълом накардаанд. Вале ба гуфтаи намояндагони Вазорати хориҷаи Амрико, диплумотҳои русу Амрикоӣ масоили марбут ба дидори ахири Дмитрий Медведев аз Амрико ва ҳамчунин "масоили дигар дар равобити дуҷонибаро" баррасӣ кардаанд. Дар посух ба ин суол, ки оё диплумотҳо дар бораи боздошти даҳ нафар аз муттаҳамон ба ҷосусӣ барои Русия суҳбат карданд, намояндаи вазорати хориҷа Марк Тонер гуфт, ки ба назари ӯ "ин масъала ҳам баррасӣ шудааст."

 

Муъомила бо додситонҳо

Он гуна, ки Владимир Козловский, хабарнигори бахши русии Би-би-сӣ дар Ню-Йурк хабар медиҳад, бар асоси иттилоъи манобеъи огоҳ, таҳвили 10 тан аз муттаҳамон ба Ню-Йурк ба эҳтимоли муъомилаи байни додситонӣ ва муттаҳамон марбут аст. Таҷрубаи муъомила бо додситонҳо дар Амрико ба таври густарда роиҷ аст. Ҳамасола садҳо ҳазор муъомила дар додгоҳҳои Амрико сурат мегирад ва дарсади андаке аз парвандаҳо ба муҳокимаи додгоҳҳо мерасанд.

 

Бештари қазоё аз роҳи муъомилаи байни муттаҳамон ва додситонӣ ҳал мешаванд ва дар ин сурат муттаҳамон бархе аз иттиҳомоти сабукро мепазиранд ё ба бахше аз ҷароим иқрор мекунанд. Дар иваз додситонӣ аз додгоҳ тақозо мекунад, ки муҷозоти камтаре барои муттаҳамон таъйин кунад. Ҳарчанд ҳукми ниҳоӣ дар ин заминаро додгоҳ содир мекунад, вале ҳукми додгоҳ чандон тафовуте аз натоиҷи муъомилоти байни муттаҳамон ва додситонӣ надорад. Манобеъи додситонӣ ва вакилони мудофеъи муттаҳамон маъмулан дар бораи чунин муъомилоте тавзеҳ намедиҳанд.

 

Рӯзи сешанбе нашрияи New York Times дар бораи имкони чунин як муъомилае бар сари муттаҳамон ба "ҷосусӣ барои Русия" хабар дода буд. Ба гуфтаи Владимир Козловский, хабарнигории бахши русии Би-би-сӣ дар Ню-Йурк, муъомила барои иқрор ба ҷурм барои ҳарду тараф судманд аст. Ба ин далел, имкони чунин муъомилае баъид нест. Додситонӣ маъмулан ба манзури сарфаҷӯйии пул бо чунин муъомилоте розӣ мешавад, зеро қазоёи додгоҳӣ дар Амрико ҳазинаи гароне доранд, бавижа дар мавриди парвандаҳое, ки ба гурӯҳи бузурге аз афроди муттаҳам марбут аст.

 

Этирофи муттаҳамон

Агар парвандаҳо ба ҷосусӣ марбут бошад, додситонӣ маъмулан талош мекунад, ки қазия то ба муҳокимаи додгоҳӣ нарасад, зеро иттилоъоти зиёди маҳрамонае ифшо хоҳад шуд, ки масъулияте низ ба ҳамроҳ дорад. Дар баробари ин, муҳокимаҳои баста дар Амрико банудрат иттифоқ меуфтад. Дар мавриди қазияи 11 муттаҳам ба "ҷосусӣ барои Русия" гуфта мешавад, ки муттаҳамон иқдомоте анҷом додаанд, ки ба ҳамкории онҳо бо додситонӣ далолат мекунад.

 

Се нафар аз муттаҳамон ба номҳои Хуан Лазаро, Майкл Зоттоли ва Патрисиа Милз хабар додаанд, ки дарвоқеъ шаҳрвандони Русия ҳастанд. Милз ва Зоттоли ҳамчунин номҳои воқеъии худро ифшо кардаанд - Михаил Кутсик ва Наталия Переверзева. Ба гуфтаи Владимир Козловский, ин муттаҳамон бо мӯҳлатҳои начандон зиёди маҳрумият аз озодӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар сурати муъомила бо додситонӣ, давраи маҳкумияти бархе аз онҳо мумкин аст ба андозаи мӯҳлате, ки дар зиндони Манҳеттен пушти сар кардаанд, коҳиш ёбад.

 

Барои ҳамкории бидуни сабти ном бо ниҳодҳои ҷосусии хориҷӣ дар Амрико бештарин муҳлати зиндон панҷ сол муқаррар шудааст. Иттиҳоми пулшӯйӣ то 20 соли маҳкумият ба зиндонро дар пай дорад, аммо дар сурате ки ин қазия бо милюнҳо дулор иртибот дошта бошад. Аммо дар мавриди нӯҳ тан аз муттаҳамон ба ҷосусӣ барои Русия додситонии Амрико танҳо аз чандсад ҳазор дулор сухан гуфтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2633--q-q-----.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ