| МАРГИ 42 НАФАР ДАР СОНЕҲАИ ҲАВОӢ ДАР ЧИН |
| Хабар - Равзана ба ҷахон | |||
| 25.08.2010 13:44 | |||
|
Ин ҳавопаймои навъи "Эмброер Эр Ҷӣ-190" соъати 21:00 аз Ҳорбин, маркази устон парвоз карда буд. Сон Бонгнон, муъовини мудири Созмони амнияти умумии устони Ҳилунг Ҷиёнг ба "Си-си ТВ"-и Чин гуфт, ки оташ ҳамакнун хомӯш шудааст. Хутути "Ҳанон" пештар ба "Шинҳуо" гуфт, ки ҳавопаймо ҳомили 96 нафар будааст.
Ин ширкат ба таври муштарак тавасути хутути "Синжен"-и Чин ва "Масоэйр груп", ки омрикоӣ аст, идора мешавад ва дафтари марказии он дар устони Ҳанон қарор дорад. Ин хат қаблан бо номи "Кунпинг" шинохта мешуд. Охирин сонеҳаи ҳавоии ҷиддӣ дар Чин дар ноябри соли 2004 иттифоқ афтод. Дар он ҳодиса як ҳавопаймои мусофирбарӣ бо 53 сарнишин дар дарёчае яхзада дар наздикии шаҳри Боуту суқут кард, ки ҳамчунин боъиси марги ду нафар дар рӯйи замин шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2967--42------.html
|











