12:22:43 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_vladikavkaz_226x17'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_vladikavkaz_226x17'

ИНФИҶОР ДАР ҶАНУБИ РУСИЯ 16 КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ

Як бумбгузории инфиҷорӣ дар минтақаи Қафқози Русия муҷиби кушта шудани дастикам 16 нафар ва захмӣ шудани 80 нафар шудааст. Инфиҷор дар наздикии бозори марказии шаҳри Владикавказ, маркази ҷумҳурии Усетиёи Шимолии Русия рух додааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд бумбгузори интиҳорӣ худрави худро дар даромадгоҳи асосии ин бозор мунфаҷир кардааст. Дар маҳалли инфиҷор аҷсоди кушташудагон, ки бархе аз онҳо сӯхта буданд , мошинҳои осебдида аз инфиҷор ва шишаҳои рехтаи панҷараҳои сохтмонҳои ҳамҷавор дида мешуд.

 

Намояндагони вазорати умури дохилаи ҷумҳурии Усетиёи Шимолӣ гуфтаанд маводи мунфаҷира дар худрави навъи "Волга" ҷогузорӣ шуда буд, ки шумораи ҷумҳурии Ингушетияро дошт. Додситонии Русия гуфтааст соҳиби ин худрав мушаххас шудааст. Ирина Тоболова, сардабири яке аз телевизиюнҳои маҳаллӣ дар як суҳбати телефунӣ ба Бибисӣ гуфтааст пулис аз рӯзноманигороне, ки ба маҳалли ҳодиса омада буданд, хостааст ба далели эҳтимоли инфиҷори бумбе дигар маҳалли ҳодисаро тарк кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол хабаргузории РИА Новостии Русия иттилоъ додааст, ки гузоришҳо дар бораи кашфи бумбе дигар дар маҳалли ҳодиса таъйид нашудаанд. Таҳқиқи шумори афроди осебдида аз инфиҷор идома дорад. Тибқи иттилоъи вазорати беҳдошт ва вазорати умури дохилаи ҷумҳурии Усетиёи Шимолӣ дастикам 50 нафар садама дидаанд. Аммо хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли масъулини Русия аз осеб дидани 77 ило 100 нафар гузориш додаанд.

 

Ба асари инфиҷор шишаҳои панҷараҳои сохтмонҳои наздик фурӯ рехтааст. Гуфта мешавад шиддати инфиҷор ба андозаи муъодили 30-40 килугром третил будааст. Гузориш шудааст, ки панҷ кӯдак ва се навҷавон дар миёни осебдидагон ҳастанд, ки ба бемористони кӯдакон мунтақил шудаанд. Намояндаи ин бемористон ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфтааст: "Дар бемористони мо ҳашт кӯдак бистар ҳастанд ва вазъи ҳамаи онҳо вахим аст."

 

"Амалиёти теруристӢ"

Кумитаи мубориза бо терурисми Русия гуфтааст имкони инфиҷорҳои дигар низ вуҷуд дорад. Вазорати умури дохилаи Русия гуфтааст ба манзури ҷилавгирӣ аз рух додани инфиҷорҳои дигар дар маҳалли ҳодиса дастгоҳҳои дақиқи кашфи васоили мунфаҷира насб шудаанд. Дар шаҳри Владикавказ мадрасаҳо ва муассисоти кудакон баста шудаанд. Пас аз он ки фарде ношинос ба вазорати омӯзишу парвариши ҷумҳурии Усетиёи ҷанубӣ телефун кард ва хабар дод, ки дар яке аз мадорис инфиҷор сурат хоҳад гирифт, кудакон аз мадрасаҳо берун оварда шуданд.

 

Додситонии Русия барои таҳқиқи ин ҳодиса парванда боз карда ва онро "амалиёти туруристӣ" тавсиф кардааст. Александр Бастрикин, раиси идораи таҳқиқоти додситонии кулли Русия ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба вазоратҳои беҳдошт ва умури изтирории Русия дастур додааст, ки ба сурати фаврӣ барои ироаи кумак ба осебдидагон иқдом кунанд ва Александр Хлопонин, намояндаи вежаи худ дар ҳавзаи Қафқози Шимолиро ба шаҳри Владикавказ фиристодааст.

 

Владимир Путин, нахуствазири Русия гуфтааст ҳадафи ҳамла ба Владикавказ эҷоди бесуботӣ дар Русия аст. Оқои Путин дар ҷараёни мулоқот бо Равил Ғайнутдин, раиси идораи муфтиёни Русия гуфт: "Ҷиноёте аз қабили он чӣ имрӯз дар Қафқози Шимолӣ анҷом шуд, ҳадаф доранд дар миёни мардумони мо душманӣ эҷод кунанд. Мо ҳақ надорем ба ин кор иҷоза диҳем."

 

Зарфи даҳ соли ахир ин шашумин инфиҷори мушобеҳ дар шаҳри Владикавказ аст. Усетиёи Шимолӣ нисбат ба манотиқи ҳамҷавори худ, ки шоҳиди бадтарин хушунатҳо дар ин авохир будаанд, аз оромиши нисбӣ бархурдор аст. Тирандозӣ ва бумбгузориҳо дар Доғистон ва Ингушетия, ки аз ҷумҳурии Чечен сарчашма мегиранд ба сурати рӯзафзун амри маъмулӣ мешаванд, агарчи дар Чечен мақомот гурӯҳҳои пайкорҷӯро саркӯб кардаанд.

 

Бо ин вуҷуд Усетиёи Шимолӣ шоҳиди ҳаводиси хунбор будааст. Дар соли 2004 пайкорҷӯён дар яке аз мадориси ин ҷумҳурӣ садҳо донишомӯзро гаравгон гирифтанд. Ба асари даргирии пайкорҷӯён ва нерӯҳои амниятӣ дар ин гаравгонгирӣ беш аз 330 нафар кушта шуданд. Бозори шаҳри Владикавказ ҳам ҳадаф қарор гирифта буд. Соли 1999 ба асари бумбгузорӣ дар ин бозор 55 нафар кушта шуданд. Дар соли 2001 шаш нафар ва дар соли 2004 11 нафар дар ҳамалот ба ин бозор ҷони худро аз даст доданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3082-----16----.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ