17:07:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОНУВОНИ АФҒОН ДАСТ БА ЭЪТИРОЗ ЗАДАНД

Даҳҳо зан дар шаҳри Кобул ба нишони эътироз аз куштори ваҳшиёнаи ҷавонзане дар вилояти Парвон раҳпаймоӣ карданд. Эътирозгарон  тирборон шудани хонуми 22-солаеро, ки дар равобити номашрӯъ айбдор дониста мешуд, маҳкум карданд.

/images/stories/2012/07/11_etirozot-afghanistan-110712.jpgВазорати умури занони Афғонистон ин раҳпаймоиро “як эътирози хомӯш” сифат додааст. Дар паҳлӯи фаъолону занони оддӣ чанд хонум аз ҳисоби аъзои парлумони Афғонистон ҳам ба эътирозгарон ҳамроҳ шуданд.  Куштори бераҳмонаи ҷавонзан, ки аз тавассути  шабакаи Интернет ба ҷаҳониён дастрас шуд, хашму ғазаби бисёриҳоро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба бор овард.

Дар навори видеоӣ тирборон шудани ин хонум аз ҷониби як мард намоиш дода мешавад, ки дар пеши чашми даҳҳо мардони дигар, эҳтимолан шӯришиёни Толиб ва ҳам сокинони рустои мазкур анҷом мешавад.  Мақомоти Афғонистон, ки ин ҳодисаро маҳкум карданд, масъулияти ҳодисаро  ба дӯши Толибон вогузор ​​карданд. Худи Толибон даст доштанашонро дар ин куштор рад карда мегӯянд, ки ин амали мухолиф бо шариати Ислом буда, кори дасти онҳо нест.

Симо Самар, яке аз ширкатдорони намоиши эътирозии имрӯза дар Кобул, ки Комиссиюни мустақили ҳуқуқи инсонро раҳбарӣ мекунад, гуфт: - Мо мехоҳем, ки ҳукумати Афғонистон ин ҷинояткоронро боздошт кунад. Онҳое, ки даст ба ин куштор зада, амри ин кушторро содир кардаанд, бояд ба додгоҳ кашонда шаванд. Мардуми Афғонистон интизори инанд, ки ҳукумат ин нафаронро ба додгоҳ кашонад ва дар бораи натиҷаҳои он мардум огоҳ шаванд.

Ваҷмо Фурӯғ, як фаъоли дигари ҳуқуқи инсон гуфт, ки ҳукумат ҳам барои содир шудани ин ҷиноят бояд масъулият дошта бошад.

Хушунату бадрафторӣ нисбати занон дар ҷомеаи Афғонистон масъалаи нав нест. Онҳое, ки умед доштанд, бо суқути режими Толибон занони ин кишвар аз ҳақ ва имкону раъйи бештар бархӯрдор мешаванд, аз ҳодисаи ахири куштори зане аз ҷониби афроди силоҳбадаст такон хӯранд. Бисёриҳо мегӯянд,  фурсати зиёд лозим ​​аст, ки занҳо дар ин кишвари ҷангзада аз ҳуқуқи баробар бо мардон бархӯрдор шаванд.

Қиссаи арӯси наврасе, ки аз ҷониби тамоми аҳли хонаводаи шавҳараш ба таври шадид азият мешуду дар як ҳолати нимдевонаӣ бо нохунҳои кандаи дасту по ва устухонҳои шикаста ба шифохона афтод, яке дигар аз намунаҳои ҳолати мазлуми занҳо дар Афғонистон будааст.

Саҳаргули 16-сола, ки ҳоло таҳти ҳимояи ҳукумат ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон аст, давоми чандин моҳ дар шифохона маҷбур буд ҳолати равонӣ ва ҳам осори азиятҳои ҷисмониашро табобат кунад. Дар робита бо қазияи ӯ модарарӯс, хоҳарарӯс, падарарӯс, додарарӯс ва шавҳараш гунаҳгор дониста шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi