09:58:31 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ИНТИШОРИ ҶУЗЪИЁТИ НОГУФТА АЗ РАВОБИТИ ЭРОН ВА ШӮРАВӢ

Ду даҳа пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, хотироте, ки ахиран аз охирин суфарои Эрон мунташир шуда, нишон медиҳад, ки Эрон ва Шӯравии собиқ дар моҳҳои мунтаҳӣ ба фурӯпошии ин кишвар ба ҳамкориҳои низомии чашмгире даст ёфта буданд.

/images/stories/2012/12/08_andishep-081212.jpgНосир Навбарӣ, сафири Эрон дар Маскав дар солҳои 1365 то 1369-и хуршедӣ, ахиран ба маҷаллаи "Андешаи пӯё", ки дар Теҳрон мунташир мешавад, дар ин бора иттилоъ додааст. Вай гуфтааст, ки дар дидори миёни Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Шӯравӣ, ки ӯ ҳам ба унвони сафир ҳозир буда, оқои Горбачев бо ироаи коғази имзошудаи сафеде аз ӯ хоста мутолиботашро аз Шӯравӣ мактуб кунад (нависад).

Оқои Навбарӣ ба "Андешаи пӯё" гуфтааст: "Дар ҷаласаи хусусии байни Горбачёв ва Ҳошимӣ, Горбачёв гуфт имрӯз субҳ ҷаласаи политбюро (дафтари сиёсии ҳизби кумунист) буд, он ҷо тасвиб кардам он чи шумо бихоҳед аз таслиҳоти низомӣ дар ихтиёри шумо бигзорем."

"Варақаи сафедеро нишон дод, ки пойини он имзои тамоми 13 узви политбюро буд; гуфт аз ҳама имзо гирифтам, Шумо фақат дар ҷойи холии боло бинависед чи чизе мехоҳед."

Сафири собиқи Эрон дар остонаи бисту якумин солгарди фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ гуфтааст: "Ман ва оқои Ҳошимӣ ба ҳам нигоҳ кардем, Ҳошимӣ гуфт чи бигӯем, гуфтам вақт бигиред, то фардо ҷавоб бидиҳем. Шаб ҳайъати эронӣ рехта буд ба ҳам, ҳатто аъзои ҳайъати низомӣ ҳам намедонистанд чи ақломи (колоҳои) русӣ суфориш бидиҳанд."

"Тавре шуд, ки фардо вақте бо Горбачёв ҷаласаи хусусӣ гузоштем, листи (феҳристи) дархостҳои моро, ки медид, мегуфт ин ки қадимӣ аст, алъон номи охирин мудел ин аст ва ... листро ислоҳ мекард."

Ба гуфтаи оқои Навбарӣ, "бузургтарин қарордоди низомии таърихи Эрон бо рақаме болиғ бар 10 милёрд дулор дар ин сафар имзо шуд. Ин сафар пас аз даргузашти Оятуллоҳ Хумайнӣ ва дар тобистони соли 1368 ва пеш аз интихоби оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба раёсати ҷумҳурии Эрон анҷом шуда буд.

Ба гуфтаи оқои Навбарӣ, дар ҷараёни ин сафар Эрон тавонист охирин фанноварии русӣ, мисли Сухой-24, Миг-29 ва барои аввалин бор зердарёӣ ҳам бигирад.

/images/stories/2012/12/08_amoli.gor-081212.jpgДидори ҳайъати эъзомии Эрон бо Горбачёв барои иблоғи паёми Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ, муассиси Ҷумҳурии Исломӣ, дар бораи фурӯпошии кумунисм ва сафари Эдуард Шеварнадзе, вазири хориҷаи Шӯравӣ, ба Теҳрон барои дидор бо Оятуллоҳ Хумайнӣ дар хонааш дар Ҷаморон ва ногуфтаҳои ин дидорҳо аз дигар хотиротест, ки дар ин гуфтугӯ шарҳ дода шудааст.

Сафири вақти Эрон мегӯяд, ки ҳайъати ҳомили паёми Оятуллоҳ Хумайнӣ барои Горбачёв ба раёсати Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ дар шаби вурудашон дар сафорат меҳмони ӯ будаанд ва дилшӯраи зиёде ҳам доштанд.

"Онҳо нигарон буданд, ки мисли садри ислом, ки Хусрави Парвиз номаи паёмбарро пора кард, Горбачёв ҳам ҳамин корро анҷом диҳад. Ҳатто нигарон буданд, ки боздошт шаванд."

Ба гуфтаи оқои Навбарӣ, Эдуард Шеварднадзе, вазири умури хориҷаи Шӯравӣ, ҳам, ки ҳомили посухи Горбачёв барои Оятуллоҳ Хумайнӣ буд, ним соъат зудтар аз қарор барои дидор бо раҳбари Эрон ба маҳалли зиндагии ӯ дар Ҷаморон расида буд.

"Изтироби шадиде дошт. Дасташ чунон меларзид, ки садои истакони чой ва наълбакиро (зарфе, ки истакони чойро дохилаш гузоранд), ки дар дасташ буд, мешунидам. Шеварднадзе гуфт ман маъмурам ин дидорро бахубӣ анҷом бидиҳам ва метарсам буҳроне иттифоқ биюфтад."

"Ман ба Шеварднадзе гуфтам ҳар коре, ки имом кард, Шумо табаъият (пайравб) кунед. Ҳатто ба ӯ гуфтам ҷилав (пеш) наравад, то бо имом даст бидиҳад. Бибинад имом чи кор мекунад, ӯ ҳам ҳамон корро такрор кунад."

Пас аз оқои Навбарӣ, Неъматуллоҳи Эзадӣ то замони фурӯпошии Шӯравӣ охирин сафири Эрон дар он кишвар буд. Оқои Эзадӣ ҳам, ба навиштаи "Андешаи пӯё", ривоят карда, ки дар рӯзҳои пас аз кудетои нофарҷоми кумунистҳои ифротӣ алайҳи Михаил Горбачёв, дар 28 мурдоди 1370, телексе ба Теҳрон ирсол карда буд.

Дар ин телекс вай пешбинӣ карда буд, ки "Борис Елтсин бо бозгардондани Горбачёв ба кохи Кремлин дар садади иҷрои барномаи дигарест ва он канор задани худи Горбачёв пас аз ҳазфи (аз миён бурдани) тундравҳо ба кумаки ӯст."

Сафири вақти Эрон дар Маскав гуфтааст, ки дар поёни телекси мазкур ин шеъри Саъдиро навишта буд: "Ки аз чанголи гургам даррабурдӣ / Чу дидам, оқибат гургам ту будӣ."

Оқои Эзадӣ ба мушкилоти дидори Алиакбари Вилоятӣ, вазири умури хориҷаи вақти Эрон, бо Борис Елтсин пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ низ ишора кардааст.

Вай гуфта, ки Горбачёв зоҳиран дар қудрат буд ва Елтсин нафари аввал набуд, аммо дафтари Елтсин прутукули сахте барои дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо Елтсин гузошт ва алоқае ба анҷоми ин мулоқот нишон намедод.

Ба гуфтаи оқои Эзадӣ "дар ниҳоят, сирфан бо мулоқоте 20-дақиқаӣ ва бо ҳузури ҳайъате сенафара аз Эрон бо Елтсин мувофиқат шуд. Ҳол он ки дидор бо Горбачёв бисёр пуртеъдод ва тӯлонитар буд ва бароҳатӣ қарораш гузошта мешуд."

"Мулоқот бо Елтсин прутукуле мутафовит бо Горбачёв дошт ва онҳо бо ин кор ба мо нишон доданд, ки амалан бо ғарбиҳо ҳашру нашр (маҳшар) доранд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi