08:41:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Марзи Афғонистон - мавзӯъи асосии нишасти СПАД дар Сочӣ

Сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) имрӯз масъалаи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Рӯзи душанбеи 23-уми сентябр дар шаҳри Сочии Русия нишасти навбатии Шӯрои эътилофи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба кори худ шурӯъ кард. Тавре аз ҳукумати Русия ба хабарнигорон гуфтанд, дар рафти нишаст ба масъалаи хатари марзии тоҷику афғон таваҷҷӯхи хосса дода мешавад.

spad-sochi-4589899.jpg

Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, дар ин нишаст аввал вохӯрии сарони кишварҳои узви СПАД баргузор шуда, баъдан чанд санади муҳим ба имзо расонида мешавад. Дар ҳошияи нишасти сарони СПАД мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар дошта шудааст. Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Шӯрои Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон - рӯзи 23 сентябр ба раванди тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон расман шурӯъ кард.

Ин паймон, ки замони ҳузури пойгоҳи Русияро дастикам то соли 2042 тамдид мекунад, ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2012 имзо шуда буд, ҳанӯз да моҳи апрел аз сӯи Русия комилан тасвиб шуд. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун дар тасвиби он маътал мекард. Мақомот мегуфтанд, сабаби тӯл кашидани масъала ин аст, ки Душанбе мехоҳад Русия ваъдаҳои додааш, аз уҷмла ироаи сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик ва фурӯши бидуни боҷи маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро низ ба иҷро бидарорад. Аммо ба бовари мунтақидон, далели асосӣ ин буд, ки доираи ҳоким мехостанд, "ок"-и Маскав барои номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябрро ба даст биоранд.

Дар нишасти имрӯзаи СПАД яке аз масъалаҳои мавриди баҳс тақвияти ҳамкориҳо дар доираи СПАД барои хатарҳое, ки аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, гуфта мешавад. Масъалаи кумак барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон дар сатҳи роҳбарони кишварҳои узви ин созмон баррасӣ шуда, дар назар аст, санаде ҳам дар ин замина ба имзо расад. Аммо дар ҳоли ҳозир миқёс ва шеваи ироаи ин кумакҳо маълум нест.

Ин ҳам дар ҳолест ки дабири кулли созмони СПАД Николай Бордюжа 10-уми сентябри соли равон вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро "печида" арзёбӣ карда, гуфта буд, "ин марз ба тақвият ниёз дорад."

Хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, ки то як соли дигар бояд ба поён бирасад, нигарониҳо дар бораи дурнамои вазъи амниятии Афғонистон ва кишварҳои ин сӯи рӯди Омӯ, бахусус Тоҷикистонро бештар кардааст. Расонаҳо ва бархе мақомҳои Русия бо таъкид ба заъфи моливу низомии Тоҷикистон чанд сол боз пешниҳоди ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардондани нирӯҳои марзбонии Русияро, ки соли 2005 ин марзро тарк гуфтанд, матраҳ мекунанд.

Ин мавзӯъ бахусус дар ҷараёни музокироти тӯлкашидаи мавзӯъи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дубора матраҳ шуд, вале дар қарордоде, ки пиромуни ин пойгоҳ дар октябри соли 2012 байни Душанбеву Маскав ба имзо расид, ҳарфе дар бораи бозгашти марзбонҳои рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон набуд. Таҳлилгарон мегуфтанд, ки Маскав зоҳиран натавонистааст Душанберо барои гузашт аз як бахши истиқлолияташ, ки истиқрори нирӯҳои хориҷӣ дар марзҳояш амалан ҳамин мазмунро дорад, розӣ кунонад.

Бархе таҳлилгарони низомӣ мегӯянд, пешниҳоди кумакҳо ба тақвияти нигоҳубини марзи Тоҷикистону Афғонистон аз тариқи СПАД низ дар асл идомаи ҳамон фишорҳои Маскав аст, ки мехоҳад ба ҳар роҳе нуфузи низомиаш дар соҳили Омӯро эҳё кунад. Қарори маълум, нирӯи асосӣ ва меҳварӣ дар СПАД маҳз Русия аст, ки 5 кишвари дигари пасошӯравиро тавассути ин эътилофи низомиву амниятӣ дар қаламрави нуфузаш ҳифз кардааст.

СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд таъсис ёфта, ба ин далел, чанд сол номи "Паймони Тошканд"-ро дошт. Ин эътилофи амниятӣ соли 2002 ба СПАД табдили ном кард ва дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi