14:25:16 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

"Соярушан": Саҳифаи муштараки Агентӣ ва "Рӯзгор"

Дар остонаи Соли нави масеҳӣ ва дар охирин рӯзи соли куҳан аввалин саҳифаи муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи "Рӯзгор" интишор меёбад. Албатта, мехостем ин саҳифа пештар оғоз шавад, вале ҳарчӣ кӯшиш шуд, ба ҳамин рӯз рост омад. Ва шояд ин ҳам як ҳикмат аст, ки дар арафаи рафтани солеву вуруди соли дигар мо риштаи ҳамкориҳоро бо ин ниҳоди обрӯманди давлатӣ, ки бо гузашти якуним даҳа аз таъсисаш тавонист миёни ҷомеа ва созмонҳои байналмилаливу давлатҳои ҷаҳон маъруфият пайдо кунад, бо чопи ин саҳифа мепайвадем. Худо кунад, ки ҳикмат фоли нек ба дунбол дошта бошад, то тавонем дар соли нав ҳамкориҳои густардатаре бо ҳам дошта бошем. Ва маводи нашъаовар таҳдиди амниятӣ барои кишварҳост, хатар ба саломатии инсонҳо, зарба ба решаи генофонди миллии халқҳост. Куҷост дар ин олам кишваре, ки аз таҳдиди ин хатар эмин бошад?

"Муколамаи Душанбе": Пули дигаре дар ҳамкориҳои зиддимухаддиротии байналмилалӣ

Асри хатарзои иттилоотӣ

agency-ruzgor 2014Асри XXI асрест, ки инсониятро бештар аз ҳар вақти дигар ба ҳам наздик мекунад. Комёбиҳои муҳими коммуникатсионӣ, рушди бемайлони иртиботи интенертӣ хоставу нохоста ба интиқолу тиҷорати мухаддирот барин тиҷорати барои мафиёи байналмилалӣ фоидаовар ва барои башарият хатарзо мусоидат кардааст. Дар ин аср давлатҳо бояд бо ҳам бошанд, дасти ҳам гиранд, чун мушти воҳид ба муқобили ин тӯфони ваҳшатзо муқовимат кунанд, садҳои пуриқтидору мустаҳкам бунёд созанд, то пирӯзӣ насиби инсонияти мутамаддин бошад, то асолати инсонӣ, тамаддуни башарӣ ҳифз гардад.

Ва ҳамин ғоя буд, ки кишварҳои минтақа охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд ва як бори дигар тавонмандии ҳамкориҳои худро дар мизони имконоташон санҷиданд ва барои тасмимҳои муштарак паймон бастанд. Ва ин нишаст "Мулоқоти байналмилалии вазирон/сарони мақомоти зиддимухаддиротй оид ба масъалаҳои муковимат бо муомилоти ғайриконунии маводи нашъаовар, арзёбӣ ва пешгӯиҳои инкишофи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа" ном дошт.

Бо назардошти сатҳои баланди ширкаткунандагон ва ҷиддиятимасоили баррасишаванда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон паёме ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: "Вазъи ба амаломадаи нашъамандӣ дар минтақа ва ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои мо боз ҳам тақвият ёбанд. Махсусан, давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои ваколатдори байналмилалӣ бояд ба мубориза бо ҳар гуна тамоюли густариши нашъамандӣ дар минтақа баъд аз хуруҷи қувваҳои байналмилалии мусоидат дар Афғонистон баробар омода бошанд. Мусаллам аст, ки чунин омодагии дастаҷамъӣ бе чуну чаро иқтидори моро дар мубориза бо мухаддирот афзун намуда, самараи онро дучанд хоҳанд гардонид".

Гузашта ва имрӯз: аз Бирма ба Афғонистон?

30 - 40 сол қабл дар замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, бештар аз кишварҳои Амрикои Лотин, Бирма, Камбоҷа ва Лаос ба унвони тавлидкунандагони асосии навъҳои гуногуни мухаддирот ном бурда мешуданд. Мамнӯъияти ҳам тавлид ва ҳам истеъмоли маводи мухаддир дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукми қотеъи қонун барои омилони он боис гардида буд, ки  ин мушкил аслан дар чашмҳо ноаён бимонад. Амалиётҳои ҳарсолаи "Кӯкнор", ки баҳору тобистон муташаккилона баргузор мегардиданд, танҳо ба кашф ва нобудсозии майдонҳои кишти ғайриқонунии гиёҳҳои нашъаовар ва бештар аз ҳама барои аз байн бурдани садҳо гектар майдони рустаниҳои худрӯи нашъадор, ки дар доманаи кӯҳҳо нашъунамо мекарданд, маҳдуд мешуд.

Вале вақтҳои охир Афғонистони ҳамсоя чун бузургтарин тавлидкунандаи афюн на танҳо дар минтақа, балки дар сар то сари ҷаҳон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Яке аз шахсиятҳои сиёсии ин кишвар гуфта буд, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои ин хиёнате, ки ба Афғонистон ва мардуми он раво дид, ҷавоб хоҳад дод. Вай бетарафии кишварҳоеро дар назар дошт, ки баъди ихроҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз хоки он бо дар додани низоҳои мазҳабиву миллӣ ва қавмӣ оташи ҷангро фурӯзон нигоҳ доштанд ва кишварҳои мутараққӣ дар ин сарнавишт бетафовутӣ зоҳир намуданд. Ва ба назар мерасад он фурсат фаро расидааст. Акнун густариши бесобиқаи маводи нашъадор дигар ҷомеаи ҷаҳониро ором намегузорад. Маводи нашъаовари тавлиди Афғонистонро имрӯз метавон дар ҳар гӯшаи Сайёра пайдо намуд ва он бахусус дар Аврупо муштариёни зиёд дорад.

Пулиси ин кишварҳо ҳамвора бастаҳои пур аз героинро мусодира мекунад, ки аз Афғонистон интиқол шудаанд. Тавре дар нишасти ёдшуда намояндаи давлати Афғонистон генерал Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муовини вазири умури дохилаи Афғонистон ва яке аз соҳибмансабоне, ки мубориза бо мухаддиротро дар ин ниҳоди давлатӣ сарпарастӣ мекунад, истинодан ба манбаъҳои СММ гуфт, соли 2009 аз маҷмӯъи 380 тонн героини тавлидшуда дар Афғонистон 90 тоннаи он, ки 24%-ро ташкил медиҳад, аз тариқи марзҳои муштараки Афғонистон ва Тоҷикистон ба Осиёи Миёна, Руссия ва кишварҳои Аврупо қочоқ ва интиқол ёфтааст. Ин аст, ки имрӯз масъалаи мухаддирот дигар масъалаи минтақавӣ ва ё сирф дохилии Афғонистон нест. Ин нукта басо возеҳу равшан дарк шудааст ва ҳарчанд дер аст, вале ҷомеаи байналмилалӣ ба ин натиҷа расидааст ва мекӯшад ҳар кӯмаки лозимро фароҳам орад, то мухаддироти тавлиди Афғонистон фаротар аз марзҳои ин кишвар наравад ва ё дар саргаҳи интиқоли он мусодира гардад.

Тавлид дар Афғонистон, мубориза дар дохил ва хориҷ аз он

tohiri-agency 1Суҳбати сарварони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳо дар ҳамоиши Душанбе саршор аз далелҳое буданд, ки азамати хатари мухаддирот ба кишвари тавлидкунанда ва истеъмолкунандаро ба намоиш мегузоштанд. Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби оқои Муҳандис Тоҳирӣ бар ин назар шуд, ки "дар Афғонистон мизони кишти хашхош зарфи як соли охир боло рафтаву ба 209 000 гектар расидааст. Ин боис шудааст, ки тавлиди мухаддирот 5500 тоннаро ташкил диҳад". Ва ҷаноби Тоҳирӣ дар қиёс ба солҳои пеш коҳиш пайдо кардани ҳосилнокии ҳар гектар замини кишти кӯкнорро ба мушоҳида гирифта, мегӯяд соли 2007 майдони кишти кӯкнор дар Афғонистон 193000 гектор буд, вале 8200 тона мухаддирот тавлид гардид.

ahmadi agency 2Бозмуҳаммад Аҳмадӣ таваҷҷӯҳи ширкаткунандагонро ба мубориза дар дохили хоки Афғонистон ҷалб намуд. Ба гуфтаи ӯ дар ин кишвар се миллион нафар саргарми кишту тавлиди муаводи мухаддиранд ва ба муқобили ин падида 2500 корманди пулиси мубориза бо маводи мухаддир садди роҳи кишт, тавлид, қочоқ, интиқол ва тиҷорати он қарор доранд. Вай гуфт, "соли 2012 пулиси мубориза алайҳи маводи мухаддир муваффақ ба кашф ва мусодираи ҳудудан 600 тонна маводи мухаддир ва маводи кимиёвии воридшуда аз кишварҳои берунаро кашф ва забт намудааст. Илова бар он 3026 қочоқбарро, ки аз ҷумла 492 тани онҳо қочоқбарони бузург, 27 тан мутавасит ва 2252 нафари дигар қочоқбарони кучак мебошанд, ошкор кардааст ва онҳоро ба панҷаи қонун супурдааст".

Ҷаноби Аҳмадӣ аз кашфи 109 лабораторияи тавлиди героин низ хабар дод, ки мақомот дастгоҳҳои онро комилан тахриб карданд ва омилонашонро ба ҷазо кашиданд. Аммо мубориза бо мухаддирот имсол низ муассир будааст, ҳарчанд мусодираи он ва кашфу нобудсозии корхонаҳои тавлиди маводи нашъаовар коҳиш доштааст, вале соҳибмақоми афғонӣ онро низ вобаста ба шароити мавҷудаи кишвараш муваффақиятомез медонад. Ҷаноби Аҳмадӣ бар ин назар аст, ки Кобул ба ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои зидахл ва созмонҳо увлавият медиҳад. Вай мегӯяд: "Ҳамкориҳои минтақавӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи табодули маълумоти истихборотӣ, роҳандозии амалиётҳои муштарак ва ҳамзамон эътимодсозӣ ва истиқрори афсарони иртиботии мубориза алайҳи маводи мухаддир, бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи табодули маълумоти истихборотӣ, бо кишвари Ҳинд дар арсаи роҳандозии амалиётҳои маҳмулаҳои таҳти контрол, бо Ҷумҳурии Халқии Чин, Федератсияи Русия ва табодули маълумот аз фаъолиятҳои умда ва бесобиқаи давлати Афғонистон дар арсаи мубориза алайҳи маводи мухаддир мебошад, ки дар соли гузашта ва имсол иҷро гардидааст".

Муборизаи ҳамсояҳо

batenov agency-3Тавре намояндаи Қазоқистон дар ин ҳамоиш, муовини раиси Кумитаи мубориза бо нашъаҷаллобии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон, полковники политсия Жаннат Бетенов изҳор дошт, зарфи 9 моҳи соли 2013 дар қаламрави ин кишвар наздик ба 3 ҳазор ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ошкор шудааст, ки  зиёда аз 1,7 ҳазори он ба тиҷорат ва 171 марбут ба интиқоли маводи нашъадор мебошад. 

Жаннат Бетенов аз коҳиши сатҳи нашъамандӣ дар кишвараш хабар дод. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар даҳ моҳи сипаришуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи мубталоён ба нашъамандӣ 26,4 дар сад коҳиш ёфтааст. 

mansurov agency 4Намояндаи Узбекистон, Директори Маркази миллии иттилоотӣ-таҳлилӣ оид ба назорати маводи нашъадори назди Кобинаи вазирони ин кишвар Я. Мансуров муборизаи муштарк бо маводи нашъаоварро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ муассир донист ва гуфт, ки дар айни замон дар Узбекистон 7 лоиҳаи СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА татбиқ мешавад. Вале вай бо нигаронӣ аз болоравии арзиши навъҳои мухаддирот дар бозорҳои сиёҳ ибрози назар намуд. Ба гуфтаи ӯ  ҳар кило героин дар ин кишвар аз 15000 то 50000 доллар арзиш дорад.

Дар Қирғизистони ҳамсоя тӯли даҳ моҳи соли 2013 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Хадамоти давлатии оид ба назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон (ХДНММ) 1587 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаовар ошкор кардаанд, ки 52 ҳодиса ё 3,1% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (1639) кам мебошад. Оид ба ҷиноятҳои мухаддиротии фошгардида сохторҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар 10 моҳи соли 2013 1569 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки 40 парвандаи ҷиноятӣ ё 2,4% нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 (1609) камтар мебошад. Дар ин муддат ба судҳо 1344 парвандаи ҷиноятӣ ирсол гардидааст. Мусодираи маводи мухаддир низ дар қиёс ба даҳмоҳаи соли 2012  10,3 дар сад коҳиш доштааст.

Бо дарди муштарак муборизаи муштарак

Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳампаймони муҳимтарин лоиҳаҳои байналмилалии мубориза бо маводи нашъаовар аст, балки дар консепсияи зиддимухаддиротии худ муборизаи дастаҷамъӣ бо ширкати ҳамаи давлатҳои зидахлро дар увлавият қарор додааст. Ва агар ба гузаштаи начандон дур бингарем, мебинем, ки кишвари мо шуруъ аз пешниҳоди "Камарбанди амниятӣ" то "Эътилофи зиддинашъамандӣ" ташаббускори чандин иқдомоти байналмилалӣ будааст, ки аксари онҳо мавриди пазириш ва амал қарор гирифтаанд. Ҳосили ин ҳама талошҳо, ки дар муқаддимаи он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дошту дорад, таъсиси сохтори махсусгардонидашудаи зиддимухадииротӣ бо номи Агентии назорати маводи нашъаовар шуд. Агентӣ лоиҳаи муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ буд, ки татбиқи он 15 сол пеш шуруъ гардид.

Тоҷикистон сипарест, ки таҳдиди амниятии вобаста ба маводи нашъаоварро аз аввалинҳо шуда ба худ қабул мекунад. Дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия зарфи 17 соли охир бештар аз 193 тоннаву 747 кило мухаддироти афюнӣ (героин ва афюн) мусодира шудааст, ки 34 дар сади он дар Тоҷикистон забт гардидааст. Русия 25, Қазоқистон ва Қирғизистон 6, Туркманистон 15 ва Узбакистон 14 дар сади онро мусодира кардаанд.

7 декабри соли 2011 дар шаҳри Вена Барномаи нави минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014 қабул гардид, ки дар доираи он бо ташаббуси кишвари мо миёни Тоҷикистон, Афғонистон в Қирғизистон иттиҳоди сегонаи зиддимухаддиротӣ бо номи ташаббуси АҚТ ба вуҷуд омад. Дар дуввумин мулоқоти сарони идораҳои мубориза бо маводи нашъовари се кишвар Ҷонишини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов ширкат намуд, ки бо имзои Эъломияи вазоратии ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ ба поён расид. Дар доираи муоҳадаи ба дастомада дар моҳи майи соли 2012 дар Душанбе Маркази минтақавии омодасозии кинологҳо ва сагҳои хидматии ҷустуҷӯӣ таъсис ёфт, ки дар базаи он аллакай кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Афғонистон курсҳои такмили ихтисосро хатм намуданд.

Ва Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров дар нишасти ёдшуда масъалаи бунёди Маркази таълимии Агентиро бо мақсади бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар миён гузошт ва аз кишварҳои маблағгузор даъват намуд, ки ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Қарор аст ин Маркази таълимӣ кормандони мақомоти марбутаи Афғонистон ва дигар давлатҳои минтақа ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шаванд. Соҳибмақоми Агентӣ таваҷҷуҳ ба малакаи касбиро шарти муҳими самаранокии мубориза бо мухаддирот медонад.

Имрӯз намояндагиҳои Агентӣ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон, шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва шаҳри Оши Қирғизистон фаъоланд ва бахусус фаъолияти афсарони алоқаи он дар Афғонистон хеле назаррасанд. Муддати чанд соле, ки онҳо дар қаламрави Афғонистон фаъолият менамоянд, бо баргузории 225 амалиёти муштарак бо ниҳодҳои зирабти Афғонистон дар қаламрави ин кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 15 тонна маводи мухаддир мусодира намудаву 293 нафарро ба ҷурми даст доштан дар интиқол ва тиҷорати мухаддирот боздошт карданд, 49 лабораторияи тавлиди героинро ошкор ва фаъолияти онҳоро қатъ намуданд.

Дар нишаст намояндаи Афғонистон зиёд бораи самараҳои ҳамкориҳои муштарак ҳарф зад ва аз ҳама кишварҳои ҳавза хост, то мисли Тоҷикистон афсарони иртиботии худро дар қаламрави он мустақар созанд. Ҳамзамон таъкид ҳам бомаврид аст, ки сар аз соли 2013 се нафар афсарони алоқаи Афғонистон ба намояндагӣ аз мақомоти дахлдори ин кишвар дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хоруғ мустақар шудаанд. Аз сӯи дигар Бозмуҳаммад Аҳмадӣ аз Федератсия Русия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Туркия, Узбекистон, ки маводи мухаддири тавлиди Афғонистон бештар ба ин кишварҳо ва ё аз тариқи онҳо интиқол дода мешавад, даъват намуд, то сармоягузориашонро дар амри мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон, билхусус дар остонаи соли 2014 ва баъд аз он ки қувваҳои байналмилалӣ хориҷ мешаванд, афзун бахшанд.

Тавре оқои Тоҳирӣ гуфт, Эрон шарик ва муттаҳид бо созмон ва давлатҳоест, ки бар зидди қочоқи прекурсорҳо муборизаи муштарак мебаранд. "Ҷумҳурии Исломии Эрон бо узвият ва фаъолияти густурда ва муассир дар сохторҳои байналмилалӣ, аз ҷумла PEN ва PICS дар муқобила бо инҳирофи маводи пешсоз (прекурсор) дар буъди тиҷории он ва ҳамчунин узвият дар амалиёти ТАРСЕТ дар заминаи муқобила бо қочоқи маводи пешсоз дар сатҳи минтақа, иқдомоти муассиреро ба анҷом расонида, ки кашфи ахир 18 тонн ангидриди кислотаи сулфат дар марзҳои Эрон ва Афғонистон дар ростои ташдиди иқдомоти марбут ба муқобила бо қочоқи маводи пешсоз ба самти Афғонистон будааст",-гуфт ӯ.

Ба андешаи Жаннат Битенов Қазоқистон низ ба ҳамкориҳои муштарак бо ҳамсоягонаш, аз ҷумла  Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон ва Русия дар ин мубориза бештар таваҷҷӯҳ мекунад. Аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон моҳи майи соли 2013 як созишномаи ҳамкории зиддимухаддиротӣ имзо кардааст, ки заминаҳои ҳуқуқии ин муборизаро таъмин менамояд.  

Дар ин замина Қазоқистон барои кӯмак ба Афғонистон як барномаи давлатиро низ роҳандозӣ кардааст ва ҳукумати ин кишвар ҷиҳати ёрии амалӣ расонидан маблағ низ ҷудо намудааст. Ва дар ростои кӯмак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи барномае, ки солҳои 2011-2014-ро дар бар мегирад, ВКД Қазоқистон дар марказии таълимии омӯзиш додани 75 нафар шаҳрвандони ин кишвар дар мавзӯи "Таъмини тартиботи ҳуқуқии дохилӣ"-ро ба нақша гирифтааст. Ҳамзамон тибқи як лоиҳаи САҲА як курси чорҳафтаина барои 12 корманди пулиси зиддимухаддиротии Афғонистон ташкил кардааст.

Нигарониҳо ва хушбиниҳо

qahhorov agency-5Густариши маводи нашъаовар нигарониҳои бештар дорад ва тавре Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров мегӯяд, "вазъи баамаломадаи мухаддиротӣ дар минтақа ва ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои мо бояд боз ҳам тақвият ёбанд. Махсусан, кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии манфиатдор ба муборизаи муштарак бояд ба ҳар гуна тамоюлҳои инкишофи вазъи нашъамандӣ дар минтақа баъд аз хуруҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон омода бошанд".

Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби оқои Муҳандис Тоҳирӣ аз он низ изҳори нигаронӣ кард, ки дар сатҳи байналмилалӣ қочоқи маводҳои психотропӣ ва амфетаминҳо афзудаанд ва далели ин беш аз ҳар вақти дигар зиёд мусодира шудани онҳост.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал Рамазон Раҳимов гуфт, ки ниҳоди таҳти сарпарастии ӯ "зарфи 5 соли охир зиёда аз 87 гурӯҳҳои мутташакили нашъаҷаллобе, ки ба қочоқи моддаҳои нашъадор, ба миқдори махсусан калон даст доштанд, дастгир ва безарар гардонидааст. Тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ 21-нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ бо ҷурми ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуданд". Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ширкат дар 8 амалиёти байналмилалии "Таҳвили назоратшаванда" ҳарф зад, ки дар ҷараёни он мақомоти умури дохила зиёда аз 97 кг маводҳои нашъаовар мусодира кардаанд".

nazarov agency-6Генерал Рустам Назаров мегӯяд Тоҷикистон хостор ва ҷонибдори "муътадил шудани вазъият дар кишвари ҳамсояи Афғонистон мебошад, зеро агар масъалаи назорати муомилоти маводи нашъаовар дар ин кишвар мусбат ҳал гардад, натиҷаҳои мусбати он на танҳо ба вазъи мухадиротии Тоҷикистон, балки ба мамлакатҳои АвруОсиё низ инъикос мегардад, яъне вазъи мухаддиротӣ дар минтақа асосан аз тамоюлу инкишофи вазъи мухадиротӣ дар Афғонистон вобаста аст". Вай аз ҷониби Президенти Тоҷикистон тасдиқ гардидани "Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020"-ро гоми муҳим дар мубориза бо мухаддирот дар кишвар хонд ва гуфт "ҳадафи аслии Стратегия коҳиши амалии густариши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии онҳо, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеъа ва давлат мебошад". Стратегия роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳоро дар такмили низоми ҷораҳое мебинад, ки ба созмондиҳии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар равона шудааст. Ташкили низоми ошкорсози саривақтии гирифторони нашъамандӣ, баланд бардоштани сифати табобат ва офиятбахшии тиббию иҷтимоии онҳо, таъмини низоми назорати давлатии муомилоти қонунии маводи мухаддир ва як қатор чораҳои дигар мебинад.

Иштирокчиён мулоқоти баргузоршударо саривақтӣ ва ниҳоят пурсамар арзёбӣ карданд ва пешниҳод намуданд, ки он "Муколамаи Душанбе" унвон гирад ва минбаъд бо навбат дар қаламрави кишварҳои ширкаткунанда гузаронида шавад. Дар ин замина пешниҳоди ҷониби Эрон мавриди пазириш қарор гирифт ва қарор аст мулоқоти навбатӣ соли 2014 дар ин кишвар доир гардад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi