17:40:09 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ

Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, кулли мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Мастчоҳро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон — Наврӯзи фархундапай ва 60 — солагии таъсисёбии ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, ҳозирини арҷманд ва тамоми сокинони ноҳия сиҳатмандиву хонаи обод ва дар ҷодаи вусъати корҳои ободониву созандагии Ватани муқаддасамон барору комёбӣ орзумандам.

00008.jpgБасо рамзист, ки таҷлили санаи 60-умин солгарди таъсисёбии ноҳия дар айёме баргузор мешавад, ки мардуми кишвар барои истиқболи сазовори 25 – умин солгарди истиқлолияти давлатӣ аз ҳоло бо рӯҳияи болида ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ омодагӣ мегиранд.

Боиси қаноатмандист, ки дар ин раванди нек дар баробари ҳамаи мардуми созандаву ободгари кишварамон сокинони ноҳияи Мастчоҳ низ бо азму иродаи қавӣ ва кору пайкори меҳандӯстона ба хотири таҷлили шоистаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ заҳмат мекашанд.

Гарчанде аз замони таъсисёбии ноҳияи Мастчоҳ 60 сол сипарӣ мешавад, вале аслу асолати мардуми ин сарзамини тозаободро сокинони шарафманду соҳибтаърихе ташкил медиҳанд, ки сарнавишти онҳо дорои таърихи куҳану ибратбахш мебошад.

Ба таъкиди олимон номи Мастчоҳ дар сарчашмаҳои куҳани суғдӣ ва катибаҳои асримиёнагӣ зикр шуда, аксари номҳои ҷуғрофии ин сарзамини бостонӣ то кунун асолати қадимаи хешро нигоҳ доштаанд.

То ба имрӯз мавриди истифода будани баъзе номҳои ҷуғрофии ин диёри куҳан баёнгари макони куҳантаърих будани Мастчоҳ мебошад.

Ман ин ишораҳои таърихиро дар рӯзи таҷлили солгарди ноҳияи Мастчоҳ ба он хотир ёдрас мешавам, ки ҳарчанд ин диёри зебо дар назди таърих фосилаи зиёдеро тай накардааст, аммо аслу асолати сокинони он, ки охири солҳои панҷоҳуми асри гузашта аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади фатҳи даштҳои ташналаби Дилварзин муҳоҷир карда шудаанд, ба даврони куҳантарини таърихи халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад.

Гузашта аз ин, мардуми ноҳияи Мастчоҳ бо ҳамон ифтихор ва ойини ватандории худ пас аз кӯч бастан ба мавзеъи нав ва бунёд намудани диёри шукуфову сабзу хуррам, дар навбати аввал, суннатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии қадимаро ҳамроҳи хеш ба ин сарзамини тозабунёд овардаанд ва то кунун онҳоро бо беҳтарин ваҷҳ идома медиҳанд.

Ҳамзамон бо ин, баробари  шакл гирифтани як воҳиди маъмурии дигари Тоҷикистон ба унвони Мастчоҳи нав мардуми шарафманд ва хештаншиноси он шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои навбунёдро дубора бо номҳои ҷуғрофии куҳани суғдӣ номгузорӣ карда, ба ин васила дар эҳёи фарҳанги бостонии худ саҳми муносиб гузоштаанд.

Аз ин рӯ, гарчанде мо ин макони тозабунёдро ҳамчун ноҳияи 60 — сола таҷлил менамоем, вале мардуми он меросбарони асили фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи ниёгонамон ҳастанд, ки маҷмӯи суннату падидаҳои таърихии аҷдодамонро бо ойинҳои навини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз омезиш дода, бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллиамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Маълум аст, ки дар солҳои аввали муҳоҷирати сокинон ба даштҳои беканори Дилварзин мушкилоти зиёд мавҷуд буданд.

Аммо мардуми шарафманди ноҳияи Мастчоҳ бо иродаву матонат, фарҳанги ободонии хосса тавонистанд, ки мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, дар муҳлати кӯтоҳ даштҳои ташналаби Дилварзинро ба гулистони сарсабзу хуррам ва диёри ободу ороста табдил диҳанд.

Танҳо дар давоми солҳои 1956 — 1980 беш аз 40 ҳазор гектар замин аз худ гардида, ноҳия ҳамчун минтақаи пахтакорӣ дар фурсати кӯтоҳ ва бо саъйу талоши шабонарӯзии мардум истеҳсоли пахтаро дар як сол ба зиёда аз 30 ҳазор тонна расонид, ки дар паси чунин дастоварди бесобиқа заҳмати софдилонаи сокинони мушкилнописанд, нангу номус, ҳиммати баланди ҳар яки фарди ноҳия ва падару бобоён қарор дорад.

Имрӯз сокинони ноҳия аз корномаҳои даҳҳо нафар роҳбарони кордон ва фарзандони фидоии диёрамон бо некӣ ва муҳаббату ихлос ёд мекунанд, ки аз манотиқи мухталифи Суғди кунунӣ ба ин макони нав омада, якҷо бо аҳолии ноҳияи Мастчоҳ диловариву матонат нишон додаанд.

Натиҷаи фаъолияти босамар ва иқдомоти наҷиби фарзандони баору номуси ноҳияи Мастчоҳ ва умуман заҳмати суботкоронаи тамоми мардуми он буд, ки дар масири 60 сол дар ҳудуди як дашти ташналаб ноҳияи калонтарини кишоварзӣ бо зиёда аз 115 ҳазор нафар аҳолӣ арзи ҳастӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар баробари мардон бонувони ноҳияи Мастчоҳ низ бо фаъолияти корӣ ва истеъдоду эҷодкории худ барои пешрафти ноҳия саҳми назаррас гузоштаанд.

Мардони Мастчоҳҳамеша бо номуси диёрдорӣ ва ғурури кӯҳистонии худ ифтихор мекунанд. Ва бояд гуфт, ки чунин ғуруру ифтихор, албатта, аз дили поку нияти нек ва нангу номуси занони Мастчоҳ сарчашма мегирад.

Зеро фарзанди боғайратро модари покдилу боҳиммат ба дунё меорад.

Дӯстони азиз!

Ноҳияи Мастчоҳ дар даврони соҳибистиқлолӣ низ ҳамчун ноҳияи бузурги кишоварзӣҷиҳати рушди устувори иқтисоди миллӣ саҳми муносиб гузошта истодааст.

Ман соли 2007 ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Суғд ва шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба Ҳукумати мамлакат дар мавриди таҳияи Барномаи рушди ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2007-2015 дастур дода будам ва ҳамон сол барномаи мазкур ба хотири пешрафти ноҳия қабул гардида, мавриди татбиққарор дода шуд.

Соли гузашта муҳлати иҷрои барнома ба охир расид ва имрӯз дар ҷараёни сафар мушоҳида кардам, ки ба шарофати татбиқи самараноки барнома ва азму талоши мардуми ноҳия, хосса соҳибкорони маҳаллӣ хеле корҳои созандагиву ободонӣ анҷом дода шудааст.

Бунёд гардидани иншооти зиёди бахшҳои мухталиф, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва инфрасохтори варзишӣ аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки самараи татбиқи барномаҳои давлатӣ мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, бо дастгирии Ҳукумати кишвар сатҳи таъминоти хоҷагиҳои ноҳия бо оби полезӣ беҳтар шуда, боиси боло рафтани ҳосилнокии заминҳои корам гардидааст.

Тайи солҳои охир дар ноҳия баробари пахтакорӣ инчунин ба кишти полезӣ ва дигар навъҳои сабзавот аҳаммияти махсус дода мешавад, ки ин тадбири муҳим, пеш аз ҳама, ба таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ мусоидат карда истодааст.

Тибқи маълумот солҳои охир бозорҳои калонтарини вилояти Суғд ва баъзе бозорҳои пойтахти мамлакат бо сабзавоти хушсифат ва меваҳои ноҳияи Мастчоҳ таъмин карда мешаванд, ки ин, пеш аз ҳама, барои беҳтар шудани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.

Тайи  солҳои охир дар ноҳия баробари рушди сабзавоткорӣ, инчунин ба бунёди боғҳои нав аҳаммияти махсус зоҳир карда мешавад.

Соли равон дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи хоҷагии Умари Хайём боғи нави сиёҳолу бунёд карда шудааст ва мувофиқи нақша масоҳати он то ба 790 гектар расонида мешавад.

Итминон дорам, ки кишоварзони ноҳия дар рушди боғпарварӣ ба натиҷаҳои нек ноил гардида, илова бар ин, беш аз се ҳазор гектар заминеро, ки солҳои тӯлонӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд, дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид менамоянд.

Ҳамчунин, бовар дорам, ки иқдому ташаббусҳои соҳибкорони маҳаллӣҳарчи бештар тавсеа пайдо мекунад ва минбаъд низ ба хотири рушди иқтисоди миллӣ, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум ва содироти маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ҳозирин муҳтарам!

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2007-2015 дар қатори таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ муассисаҳои зиёди маърифативу фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Воқеан, дар давоми даҳ соли охир симои ноҳия куллан дигаргун шуда, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯҳияи мардуми он комилан  тағйир ёфтааст.

Ба андешаи ман, чунин дастовардҳо, пеш аз ҳама, аз он сарчашма мегиранд, ки мардуми шарафманди ноҳия ба ояндаи нек хушбин ҳастанд ва ба хотири саодати фардои ҷомеа тамоми иқтидор ва имкониятҳои хешро сафарбар намудаанд.

Ҳоло дар ҳамаи мавзеъҳои ноҳия амалҳои бунёдкоронаи сокинон, хосса соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ вусъати тоза касб кардааст, ки воқеан ин гуна кору пайкор боиси қадрдонӣ ва арҷгузорӣ мебошад.

Ба истиқболи санаи мубораки миллиамон – 25 — солагии истиқлолияти давлатӣ мо шоҳиди бунёди боз як қатор иншоот таъиноти гуногун гардидем, ки баёнгари идомаи мантиқии корҳои созандаи мардуми шарафманди ин гӯшаи биҳиштосои Ватани азизамон ба шумор меравад.

Имрӯз мо дар деҳаи Андарвашт мактаби нави таҳсилоти умумиро мавриди истифода қарор дода, парда аз рӯи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бардоштем ва гулгашту боғи фарҳанги ноҳияро ифтитоҳ намудем.

Дар ин рӯзи муборак қомат афрохтани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, дар навбати аввал, нишонаи ифтихор аз таърихи ғановатманди тоҷикон ва эҳсоси баланди ватандориву худшиносии ҳар як сокини шарафманди ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб шуда, итминон дорам, ки гулгашти тозабунёд ва қомати баланди Исмоили Сомонӣ рамзи сарбаландии таърихии мо ва тимсоли ойини ватандории аҷдоди бошарафамон дар қалби ҳар як сокини ноҳия мегардад.

Имрӯз чеҳраи таърихии Исмоили Сомонӣ бори дигар пешорӯи ҳамаи мо, тоҷикон, ҳамчун рамзи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ зинда гардида, макони барафрохта шудани муҷассамаи ӯҷойгоҳи ҳамоиши ваҳдати миллӣ, таблиғи корномаҳои навин, ойини давлатдории миллӣ ва гулгашти муҳаббат ва садоқат ба Ватан мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки медонед, мо соли гузашта якҷо бо намояндагони аҳли фарҳанги мамлакат Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» — ро дар шаҳри Хуҷанд, қасрҳои фарҳангро дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Айнӣ мавриди истифодаи сокинони кишвар қарор додем.

Дар ноҳияи Мастчоҳ низ ба истифода дода шудани Боғи фарҳангу фароғат идомаи ибтикороти созанда бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ ба шумор меравад, зеро сокинони ноҳия дар баробари кишоварзони номдор будан, инчунин  суннатҳои беҳтарини фарҳанги аҷдодамонро то ба имрӯз ҳифз намуда, ҳамчун ёдгории беназири  ниёгони хеш дар маҳфилу маросимҳои фарҳангӣ тарғиб мекунанд.

То ҳол ойинҳои беҳтарини Наврӯзи куҳан, хосса бозиҳои миллии варзишӣ дар байни мардум маҳфуз мондаанд, ки ба василаи онҳо имрӯз аз байни ҷавонони ноҳия даҳҳо варзишгарони номдор ба камол расида, ифтихори ноҳия ва Тоҷикистон гардидаанд.

Дар баробари эҳёи бозиҳои варзишӣ модарону хоҳарони азизи мастчоҳӣ намунаҳои беҳтарини хӯрокҳои миллиамонро, ки хоси фарҳанги наврӯзанд, бо ҳамон суннатҳои деринаи ниёгон омода карда, бо ин роҳҷиҳати эҳёи падидаҳои неку созандаи фарҳанги Наврӯз саҳм мегиранд.

Айни замон дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, чӯбкориву гаҷкорӣ, кулолгарӣ ва дигар намудҳои косибӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки аз ин раванди нек ноҳияи Мастчоҳ низ истисно нест.

Рушди косибӣ ва ҳунарҳои дастӣ яке аз роҳҳои муҳайё кардани ҷойи кор, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани занони хонашин ва духтарону ҷавонон мебошад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бонувони ҳунарманд хеле зиёданд ва зарур аст, ки аз ҷониби масъулон ба масъалаи фаъолияти коргоҳҳои ҳунарҳои дастии мардумӣ ва ҳифзу гиромидошти суннатҳои қадима таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, дар миёни мардуми ноҳия то ҳанӯз намунаҳои беҳтарини фолклори аҷдодӣ мавҷуданд.

Қобили зикр аст, ки барои ривоҷи санъати мардумӣ бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони боистеъдоди ноҳия ансамбли этнографии “Нақш” фаъолият мекунад, ки дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣғолиб омадааст.

Дар ин росто, ба Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки барои фаъолияти гурӯҳҳои ҳунарӣ, ки дар ҷодаи эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва фарҳанги куҳани халқамон саҳм мегузоранд, мусоидати бештар намоянд.

Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор карда мешавад, ки доир ба ҳалли масъалаи дар маркази ноҳия бунёд намудани Қасри фарҳанг ва ба ин восита барои рушди бештари фарҳанги аҷдодӣ, омодасозии ҳунармандони касбӣ ва фаъолияти дастаҳои ҳунарии ноҳия фароҳам овардани шароити мусоид чораҷӯӣ намояд.

Дӯстони азиз!

Ба туфайли истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ сол ба сол шумораи аҳолӣ афзоиш ёфта, дар ин замина шаҳраку марказҳои нави аҳолинишин бунёд гардида истодаанд.

Айни замон дар ҳудуди вилояти Суғд сохтмони шаҳракҳои наву замонавӣ, аз қабили Сайҳун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  Баҳористон дар шаҳри Истаравшан ва Моҳпарӣ дар Исфара бомаром идома дорад.

Имрӯз мо дар ноҳияи Мастчоҳ низ бунёди шаҳраки муосирро бо номи Меҳробод оғоз кардем. Ҳоло бо қарори Ҳукумат барои 2700 нафар эҳтиёҷмандони деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бӯстон ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 330 гектар замин тақсим карда шудааст.

Тибқи лоиҳа дар шаҳраки нав бунёди инфрасохтори муосир, аз ҷумла, се мактаб, се бунгоҳи тиббӣ, беморхона, се кӯдакистон, марказҳои хизматрасонӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ бо он таҷрибае, ки ҳангоми азхуд намудани дашти Дилварзин андӯхтаанд, дар фосилаи кӯтоҳ бунёди ин шаҳракро ба анҷом расонида, дар амри ба харитаи ҷуғрофии кишвар ворид гардидани боз як маҳалли аҳолинишини замонавӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Шаҳраки бунёдшаванда аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар шоҳроҳи Чанак-Айнӣ-Душанбе ҷойгир аст.

Бинобар ин, лоиҳаи онро тарзе тарҳрезӣ бояд кард, ки дар ояндаи наздик мо тавонем ба воситаи он санъати шаҳрсозиву шаҳрдории халқи тоҷикро ба меҳмонону сайёҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоем.

Ҳамчунин, аҳолии дар ин минтақа ҷойгиршаванда бояд манзилҳое  бунёд намоянд, ки барои наслҳои оянда низ хизмат кунанд ва ҳангоми бунёди онҳо тарҳи муосири биносозиро истифода намоянд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки шаҳр баёнгари тамаддун, фарҳанг ва маърифати зиндагии халқ ба шумор меравад.

Мардуми Мастчоҳ мисли дигар қавмҳои ориёӣ таърихан ва табиатан бузургҷуссаву қоматбаланд ва боғуруру ҳимматбаланд мебошанд.

Шубҳае нест, ки онҳо дар амри обод кардану ба як мулки боз ҳам пешрафтаву зеботар табдил додани диёри худ мисли гузаштагони некномашон ҳиммат хоҳанд кард.

Ҳамватанони азиз!

Гузашти вақт собит намуда истодааст, ки дастоварду пешравиҳои мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Мастчоҳ, пеш аз ҳама, аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату ягонагӣ, суботу оромии ҷомеа ва сарҷамъии миллат ба даст омада истодааст.

Ин амри воқеиро дар ҷомеаи Тоҷикистон аз хурд то бузург ба хубӣ дарк кардаанд ва боиси хушнудист, ки чунин қаноатмандиро имрӯз мо дар чеҳраҳои гарму самимии мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ мушоҳида мекунем.

Бо арзи  сипос чунин меҳисобам, ки ҳар яки шумо, мардуми бонангу номуси ноҳия сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишварро ба хотири таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон минбаъд низ ҷонибдорӣ мекунед.

Бори дигар таъкид менамоям, ки муттаҳидиву сарҷамъии мо дар роҳи ҳалли мушкилот омили муҳимтарин ба шумор меравад ва дар ҷаҳони пурҳаводису ноороми муосир мо танҳо бо ҳушёриву зиракӣ, шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор ва заҳмати ободгарона  метавонем, ки сарзамини муқаддасамонро боз ҳам ободу зебо гардонида, барои расидан ба зинаҳои нави рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузорем.

Мо дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ вазнинтарин рӯзҳои парешонӣ ва низоъҳои дохилиро паси сар карда, ба бузургтарин дастоварди миллӣ — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мушарраф гардидем ва зербинои давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таҳким бахшидем.

Бовар дорам, ки имрӯз бо ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар вуҷуди тамоми мардуми шарафманди ноҳия меҳру ихлос ва иродату муҳаббат ба Ватани азиз нуфузи бештар пайдо мекунад ва сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳҳамчун фарзандони шарафманди як пораи зебои Тоҷикистони азиз минбаъд низ як тану як ҷон гардида, ба сӯи ояндаи обод қадамҳои устувор  мегузоранд.

Ҳамчунин, итминон дорам, ки шумо, мардуми ватандӯст ва бонангу номуси ин диёри аҷдодӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ чун рамзи ойини ватандориву диловарӣ ва садоқат ба миллату меҳани азиз муттаҳид гардида, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон иқдомҳои наҷибу ватандорона зоҳир менамоед.

Ҳамаи шумо, сокинони бонангу номус ва заҳматдӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Мастчоҳро дар ин рӯзҳои баҳорӣ, айёми сарсабзии табиат ва идомаи тантанаҳои идона бори дигар ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва 60 – умин солгарди таъсисёбии ноҳия табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракат ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi