08:56:23 29-уми Апрели 2025 сол

Изҳороти кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ оид ба баимзорасии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш

1 bayoniya 454587854“Ман аз имзои Шартномаи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол мекунам.

Ин қадами муҳим намунаи қудрати дипломатия барои ҳаллу фасли масъалаҳои тӯлонӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии хуб мебошад, ки ба пешбурди сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад”.

Cухангӯи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик

“Дабири кулл аз имзои Созишномаи марзи давлатӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек ба имзо расид, ба самимият истиқбол менамояд.

Ӯ ин дастоварди таърихиро ба ҳар ду кишвар табрик гуфта, ба роҳбарӣ, иродаи қавӣ ва азми сиёсии онҳо ҷиҳати ба анҷом расонидани раванди музокироти даҳсола баҳои баланд медиҳад.

Дабири кулл умедвор аст, ки ҳамкории созандаи устувор байни ин ду кишвар барои таҳкими эътимоди мутақобила, ҳамсоягии нек ва ояндаи осоишта барои мардумони онҳо ва минтақаи васеътар идома хоҳад ёфт”.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай

“Созмони ҳамкории Шанхай 13 марти соли 2025 баимзорасонии Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки таҷассумгари иродаи неки Тарафҳо барои ҳалли масъалаҳо бо воситаҳои осоишта дар рӯҳияи машваратҳои баробарҳуқуқ, ҳусни тафоҳум ва эҳтиром мебошад, истиқбол мекунад”.

Давлатҳои аъзои СҲШ аҳамияти махсуси Шартномаи имзошударо қайд мекунанд ва онро ҳамчун саҳми арзишманд дар сулҳ, таъмини амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай меҳисобанд.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

“Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мекунад.

Бо шарофати талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии сарони ду давлат имкон пайдо шуд, ки оид ба гузариши хати сарҳади давлатӣ дар тамоми дарозии қариб ҳазоркилометрии он созиш ҳосил шавад.

Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, бешубҳа, ба рушди пайвастаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат намуда, ба баланд бардоштани амният дар минтақаи масъулияти СААД, иҷрои вазифаҳои дар назди Созмон истода мусоидат хоҳад кард.

Ба ду халқи бародар дар бунёди ҷомеаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта дар Қирғизистон ва Тоҷикистон комёбиҳои минбаъда таманно дорем”.

Иттиҳоди Аврупо

"Иттиҳоди Аврупо аз имзои Шартномаи ниҳоии сарҳадӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади муштарак байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол менамояд.

Ин як лаҳзаи муҳим ва қадами бузург ба пеш аст, ки дар муколама ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо асос ёфтааст. Шартнома устуворӣ ва суботи Осиёи Марказиро тақвият хоҳад дод.

Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкориҳои минтақавӣ, ки бар пояи худ асос ёфтааст, пуштибонӣ мекунад ва омода аст, ки иҷрои шартномаро дар доираи Стратегияи Осиёи Марказӣ ва Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дастгирӣ намояд".

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои ИДМ Эмомалӣ Раҳмонро бо имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ самимона табрик гуфт.

Дар табрикоти худ дабири кулли ИДМ изҳори боварӣ кард, ки татбиқи амалии муқаррароти Шартнома ба таҳкими муносибатҳои некҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси эҳтироми тарафайн, эътимод ва баробарҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард, ки ба андешаи Сергей Лебедев, заминаи зарурии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи бисерҷанба буда, ба манфиатҳои аслии ду кишвар, инчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ ҷавобгӯ мебошад.

Дабири кулли ИДМ ба Президентҳо дар фаъолияти гуногунҷанбаи давлатии худ ва ба халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ, комёбиҳои минбаъда орзу кард.

Созмони ҳамкории исломӣ

"Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ рӯзи панҷшанбеи 13 марти соли 2025 дар пойтахти Қирғизистон Бишкек баимзорасии созишнома оид ба демаркатсияи сарҳади байни кишварҳои худ бо Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол кард.

Ҷаноби олӣ Дабири кулли СҲИ ҷаноби Ҳусайн Иброҳим Тоҳо ҳарду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфт, ки саҳифаи ихтилофоти чандинсолаи байни онҳоро мебандад, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии байни онҳоро барқарор мекунад, эътимоди тарафайнро тақвият медиҳад ва ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвари бародар такони нав мебахшад.

Бо дарназардошти азми СҲИ барои таҳкими робитаҳои бародарӣ ва ҳамоҳангӣ байни давлатҳои аъзои он, Дабири кулл умедвор аст, ки ин дастоварди таърихӣ дар хидмат ба манфиатҳои ду кишвар саҳм мегузорад ва асосҳои сулҳи байни онҳо ва минтақаро дар маҷмӯъ мустаҳкам мекунад".

Ҷумҳурии Мардумии Чин

"Чин Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои Шартномаи сарҳади давлатӣ табрик гуфта, нақши ҳалкунандаи президентҳои ду кишварро дар ҷустуҷӯи ҳалли осоиштаи масъалаи сарҳадӣ тавассути машваратҳо баҳои баланд медиҳад. Он ба сулҳ, субот, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

Ҳамчун ҳамсояи дӯстона ва шарики ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишвар, Чин омода аст бо Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди минбаъдаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо ҳамкорӣ кунад, то ҷомеаи боз ҳам наздиктари Чин ва Осиёи Марказиро бо ояндаи муштарак таъсис диҳад".

Штатҳои Муттаҳидаи Америка

"Штатҳои Муттаҳида Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро бо созишномаи таърихӣ дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи тамоми сарҳад табрик мекунад. Ин дастовард уҳдадориҳои ҳукуматҳои ин кишварҳоро ба дипломатия ва суботи минтақавӣ инъикос мекунад.

Ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ яке аз мушкилтарин вазифаҳои дипломатӣ мебошад, ки ҳукумат метавонад онро ҳал кунад ва мо дурандешӣ ва азми роҳбарони ҳарду ҳукуматро барои бартараф кардани монеаҳо баланд арзёбӣ мекунем. Штатҳои Муттаҳида умедвор аст, ки ин созишномаи барҷаста дарҳоро барои тиҷорати фаъол ва робитаҳои байни одамон ва рушди шукуфоӣ ва сулҳ дар ҳарду кишвар ва тамоми минтақа боз мекунад".

Федератсияи Русия

“Русия аз имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 13 март истиқбол мекунад.

Анҷоми ин ҳуҷҷати муҳим ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳарду давлат ва кори тӯлонии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад имконпазир гардид.

Ҷониби Русия дар рӯҳияи иттифоқчиён ҳамеша ба шарикони худ дар Бишкек ва Душанбе ба манфиати ҳалли ниҳоии масъалаҳои сарҳадӣ кӯмаки сиёсӣ ва дипломатӣ мерасонд.

Шубҳае нест, ки татбиқи Шартнома ба таҳкими субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард ва муносибатҳои байни иттифоқчиён ва шарикони стратегии Русия – Қирғизистон ва Тоҷикистон – ба сатҳи сифатан нав мебароянд”.

Ҷумҳурии Исломии Эрон

"Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ рӯзи панҷшанбе аз имзои созишномаи марз байни Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз ҷониби президентҳои ду кишвар истиқбол кард.

Бақоӣ ҳарду ҷонибро табрик гуфт ва бастани бомуваффақияти созишномаро як қадами муҳим дар роҳи истиқрори сулҳу субот дар минтақа номид.

Вай таъкид кард, ки шартнома самаранокии дипломатияро дар ҳалли баҳсҳои байни кишварҳо ҳангоми риоя ва ҳимояи манфиатҳо ва шаъну шарафи тарафайн нишон медиҳад”.

Вазири давлатии Британия оид ба корҳои Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва қаламравҳои хориҷӣ Стивен Даути

"Дирӯз барои Қирғизистон ва Тоҷикистон таърихӣ шуд: онҳо созишномаи делимитатсияи сарҳадро имзо карданд. Ҳамкории онҳо ба сулҳ, субот ва амният дар минтақа мусоидат хоҳад кард".

Амороти Муттаҳидаи Араб

"Амороти Муттаҳидаи Араб аз тавофуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди таъйини марз миёни ду кишвар истиқбол карда, пуштибонии худро аз саъю талошҳо баҳри таъмини сулҳу шукуфоӣ таъйид менамояд.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар баёнияи худ изҳори умедворӣ намудааст, ки ин иқдом ба таҳкими пойдорӣ, ҳамкориҳои созанда, инчунин рушд ва сулҳу субот дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба манфиати ду кишвари дӯст ва мардумони онҳо мусоидат намуда, барои манофеи муштарак хидмат хоҳад кард.

Ҳамчунин, Вазорат қайд менамояд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон робитаҳои мустаҳкам дошта, аз талошҳои онҳо бобати мусоидат дар таъмини сулҳ, пешрафт ва субот дар минтақа пуштибонӣ хоҳад кард. Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамзамон ба аҳаммияти музокироти мусолиматомез ҳамчун роҳи ягона барои ҳалли низоъҳо таъкид намудааст".

Ҷумҳурии Фаронса

Фаронса имзои созишномаи ниҳоӣ дар бораи аломатгузории марзи байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бишкек истиқбол менамояд. Ин изҳорот, ки раванди тӯлониро ба анҷом расид, як нишонаи муҳим барои сулҳу субот ва идомаи ҳамкории минтақавии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.

Кушодани сарҳадҳо ин қадами муҳим дар роҳи таҳкими мубодилаи мардум ва иқтисодӣ мебошад.

Дар ин раванди ба эътидол овардани равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, Фаронса мехоҳад аз нишасти сеҷонибаи Раисони Ҷумҳуриҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 31 март дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст ҷонибдорӣ ва истиқбол намояд.

Давлати Кувайт

“Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Давлати Кувайтро роҷеъ ба тавофуқи сарҳадие, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳосил гардид, изҳор медорад. Давлати Кувайт аз ин иқдоми мусбат, ки баҳри тақвияти муносибатҳо байни ду давлат нигаронида шудааст, ситоиш мекунад ва умедвораст, ки ин тавофуқ дар пойдории сулҳу истиқрор ва пешрафти ду халқи Тоҷикистону Қирғизистони дӯст мусоидат хоҳад кард”.

Ҷумҳурии Туркия

"Мо созишномаи делимитатсияи марзҳоро, ки имрӯз (13 март) байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, истиқбол мекунем.

Мо интизорем, ки ин созишнома, ки дар натиҷаи муколамаи зич байни ду кишвар дар сатҳи баландтарин ба имзо расидааст, ба сулҳ, субот ва ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард".

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

“Вазорати корҳои хориҷӣ созишномаи демаркатсияи сарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро истиқбол мекунад.

Подшоҳӣ ҳукуматҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишнома самимона табрик гуфта, ба ду кишвар ва халқҳои бародар суботу шукуфоии минбаъдаро таманно дорад”.

Давлати Қатар

“Давлати Қатар имзои созишномаро дар бораи демаркатсияи сарҳади Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар роҳи таҳкими амнияту субот дар ҳарду кишвар ва минтақаи созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мешуморад.

Вазорати корҳои хориҷӣ азми ҳарду кишвар ва талошҳои онҳоро барои ҳалли масъалаҳо тавассути муколама баланд арзебӣ мекунад ва ба ин васила ҳамкории созандаеро, ки ба манфиатҳои умумии онҳо ҷавобгӯ аст, пеш мебарад.

Вазорат бори дигар изҳор медорад, ки Давлати Қатар тамоми талошҳоро барои ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо бо воситаҳои осоишта бо мақсади таҳкими сулҳ ва амният ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ пурра дастгирӣ мекунад”.

Ҷумҳурии Озарбойҷон

"Озарбойҷон аз имзои созишнома оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона истиқбол мекунад. Ин созишномаи таърихӣ як қадами муҳимест, ки робитаҳои дӯстонаи байни ду халқ, инчунин субот ва шукуфоии Осиёи Марказиро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад".

Мо ҳарду кишвари бародарро бо ин дастоварди назаррас аз таҳти дил табрик мегӯем.

Ҷумҳурии Исломии Покистон

Покистон имзои Шартномаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Қирғизистону Тоҷикистонро истиқбол мекунад.

Покистон роҳбарият ва халқҳои бародари Қирғизистон ва Тоҷикистонро бо ин созишномаи барҷастае, ки хотимаи баҳси тӯлонии марзиро нишон медиҳад, табрик мекунад.

Мо итминон дорем, ки ин чорабинии таърихӣ давраи нави ҳамкорӣ ва пешрафтро дар минтақа мекушояд.

Шоҳигарии Баҳрайн

"Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Баҳрайн баимзорасонии созишнома дар бораи демаркатсияи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро истиқбол намуд.

Вазорат ба ҳукуматҳо ва халқҳои ҳарду кишвар табрикоти самимии Баҳрайнро расонида, изҳори умед кард, ки ин созишнома ба таҳкими амният, субот ва шукуфоии ҳарду кишвар, халқҳои дӯстонаи онҳо ва тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард".

Манбаъ: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ