22:44:17 18-уми Июни 2025 сол

ҲХДТ РӮЙХAТИ ИНТИХОБОТИЯШРО МУАЙЯН КАРД

Имрӯз, 26-уми декабр, дар Кохи Борбад-и шаҳри Душанбе Анҷумани даҳуми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо иштироки ҳудуди 2 ҳазор вакил баргузор гардид.

 

Баъди суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси ҳизб, ки барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро муаррифӣ мекард, ҳамчунин, тағйироти кадрӣ дар сохтори идораи ҳизб сурат гирифт. Аъзои ҳизб бори дигар Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси ин ҳизб интихоб намуданд. Муовини раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода аз вазифа озод шуд ва ба ҷойи ӯ Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

 

Ба сифати муовини дигар собиқ мудири шӯъбаи ташкилӣ дар Дастгоҳи иҷроияи президент Асрор Латифов таъин шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, ва Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки инҳо низ аз зумраи ҷонишинони раиси ҳизб маҳсуб меёфтанд, озод шуданд.

 

ҲХДТ руйхати 22 нафар номзадро ба интихобот пешниҳод кард. Дар ин рӯйхат номи Амиршо Миралиев, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, дуввум Ёқуб Саидов, вазири мелиоратсия ва об, Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Ҷумъабой Сангинов, вакили Маҷлиси намояндагон, Хадича Ҳакимова, вакили Маҷлиси намояндагон, Абдураҳмон Хонов, ҷонишини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, Саъдулло Зиёратшоев, раиси Нуробод, омадааст.

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1410-ruykhati-intikhobotii-hizbi-khalkii-demokratii-tojikiston.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ