МУҲИДДИНИ КАБИРӢ - ЧЕҲРАИ РӮЗ
Эълони натоиҷи муқаддамотии интихоботи рӯзи 28 феврали парлумони Тоҷикистон дар ин ҳафта раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддини Кабириро ба яке аз чеҳраҳои аслии хабарсоз дар саҳнаи ин кишвар табдил дод. Ва пеш аз ҳама ба далели эътирозе, ки ӯву ҳизбаш аллакай дар рӯзи аввали эълони натоиҷи интихобот карданд. Аммо Муҳиддини Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар интихоботи ахир ба чӣ сурате намудор шуд ва эътирози ҲНИ ба натоиҷи, ба гуфтаи худи Кабирӣ, “золимона”-и интихобот то ба куҷо метавонад бикашад?
ЧАРО 8 ДАРСАД?
Бо вуҷуди сарфи нирӯ ва маблағи зиёд ва роҳандозии як маъракаи дар таърихи навини Тоҷикистон бесобиқаи таблиғотӣ ҳамагӣ ҳудуди 8 дарсад раъй гирифтани ҲНИТ боиси эътирози шадиди ин ташаккули умдаи мухолифин ва раҳбари он Муҳиддини Кабирӣ шуд. Оқои Кабирӣ натоиҷи интихоботро “золимона” ва ҳизбашро дар ин маърака як “мазлум” ба қалам дод ва гуфт, назҳат ба нишони эътироз аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ мешавад.
Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, ба ҳисоби онҳо, ҳизби наҳзат дар интихобот на камтар аз 30 фоиз раъй овардааст, на он 8 дарсаде, ки Куммиссиюни марказии интихобот эълон кард. Феълан як тими бузурги иборат аз тақрибан 50 ҳуқуқдон ба таҳияи шикоёти додгоҳии ин ҳизб машғул будаанд, вале, мегӯяд Муҳиддини Кабирӣ, агар додгоҳ низ ба доди онҳо нарасад, ҳизби наҳзати исломӣ истифода аз шеваҳои дигари эътироз, ҳатто фаро хондани номзадҳои пирӯзшудааш аз Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллиро низ сарфи назар намекунад:
“Мо ба мардуме, ки ба мо раъй дод, шарҳ хоҳем дод, ки барои чӣ натавонистем овози онҳоро ҳифз кунем ва гунаҳкори ин кист? Албатта, вобаста ба шароит ва вазъи оянда мо як миқдор иқдомоти дигар низ шояд бигирем, вале дар марҳалаи аввал иктифо бо ҳамин иқдомот хоҳем кард. Вале ба ин нукта мехостам таъкид кунам, ки ҳама иқдомоти ҲНИТ дар чаҳорчӯби қонун ва бо назардошти манофеъи давлату миллат анҷом хоҳад шуд.”
АЗ ЁВАРӢ ТО РАҲБАРӢ
Коршиносони тоҷик мегӯянд, иқдомоти баъдии ҲНИ ба мавзеъгириҳои шахси Кабирӣ сахт бастагӣ хоҳад дошт ва аз ин зовия хулқ ва рафтори сиёсии ӯ аҳамияти вижа касб мекунад. Муҳиддини Кабирӣ, бидуни шакк, аз боризтарин афродест, ки дар Тоҷикистон дар як даҳаи охир пой ба водии сиёсат гузоштаанд. Ӯ роҳаш ба ин водиро аз ёварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Куммиссиюни оштии миллӣ оғоз кард, дар мактаби раҳбарии Нурӣ парвариш ёфт ва сипас ба симати муовинии Нурӣ дар ҳизб расид ва баъд фавти асосгузори ҲНИ дар соли 2006 ба раҳбарии ин умдатарин ташаккули мухолифи давлат дар Тоҷикистон нишаст.
Кабирӣ дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Тоҷикистон номзад ва ҳамин тавр, рақиби Эмомалӣ Раҳмон нашуд ва гуфт, ҳизбашро ба интихоботи ояндаи парлумонӣ омода мекунад. Аз ин рӯ, интихоботи рӯзи 28 феврал нахустин интихобот ва нахустин имтиҳоне буд, ки аз севуним соли раҳбарии Кабирӣ ба ҲНИ натиҷагирӣ мекард.
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, бузургтарин хидмате, ки Кабирӣ дар ин муддат ба ҳайси вориси Нурӣ анҷом дод, ҳифзи худи вуҷуди ҲНИТ дар саҳна буд:
“Кабирӣ дар воқеъ тавонист ҲНИТ-ро аз парокандашавӣ ба мисли Ҳизби сотсиалист ё Ҳизби демократ нигоҳ дорад, холигоҳеро, ки баъди марги раҳбари пешини ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба вуҷуд омада буд, пур кунад, нишон диҳад, муаррифӣ кунад ва исбот кунад, ки ҲНИТ ҳизби тундгаро нест. Бо суханрониҳои зиёдаш дар Ғарб ӯ нишон дод, ки як чеҳраи нав дар олами Ислом дар Тоҷикистон аст. Қабл аз интихобот мавзеъгириҳои ҲНИТ дар баробари сиёсатҳои давлат як каме мулоимтар шуд. Ба кадом хотир? Ба ин хотир ки интихобот шаффоф гузарад ва Кабириву ҳизбаш тавонанд овозҳоеро, ки ҷонибдоронашон ба онҳо медиҳанд, ҳифз кунанд. Вале имрӯз фикр мекунам, бояд барои Кабирӣ собит шуда бошад, ки наҳзат барои ҳукумат бегон буд ва бегона хоҳад монд.”
ФОРМАТИ НАВИ КАБИРӢ
Бо ин вуҷуд, ки мақомот ба ҲНИ ин дафъа низ тақрибан ҳамон орои 4 соли пешро қоил шуданд, аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки Кабирӣ тавонист ҳизбашро дар ин маърака ба сифати ҷиддитарин рақиби ҳизби ҳоким ба намоиш дарорад ва пуштибонии нафақат қишри исломгаро, балки электорати эътирозӣ, яъне норозӣ аз ҳизби ҳокимро низ ба даст биорад.
Далер Ғуфронов, сардабири маҷаллаи сиёсии “Элита” мегӯяд, Муҳиддини Кабирӣ бо сарулибоси аврупоӣ ва бидуни риш намунаи як раҳбари нави исломиро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт ва касби ҳимояти ақшори дигар, аз ҷумла ҷавонон ва зиёиён дар интихобот маҳз бо шарофати шахси Кабирӣ буд:
“Ин дастоварди худи Кабирист. Кабирӣ як сиёсатмадори формати нав аст барои Тоҷикистон, яъне омехтаи ҳам диниву ҳам дунявӣ. Масалан, чеҳрааш чеҳраи як нафари дунявист, вале дар ботин бо ақидаҳои исломӣ. Шояд ӯ як шахси идеалӣ набошад, вале бо он формати сиёсатмадориаш шароитеро фароҳам овард, ки мардум, сарфи назар аз он ки аз ақидаҳои исломӣ пуштибонӣ мекунанд ё на, ва аз ҷумла онҳое ҳам, ки ба Ислом шояд таваҷҷӯҳ надоштанд, тавассути Кабирӣ ба ҳизби ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд ва овоз ҳам доданд.“
Таҳлилгари тоҷик Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, Кабирӣ аз ангуштшумор шахсиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки метавонад аз минбарҳои мухталиф ва бо забонҳои мухталиф сӯҳбат кунад ва, ба таъбири оқои Юсуфӣ, “азизи матбуот” шавад. Аз сӯи дигар, ба эътиқоди ин коршинос, ду кори умдае, ки Муҳиддини Кабирӣ дар севуним соли раҳбариаш ба ҲНИ анҷом дод, ҳизбсозӣ ва шахсиятсозӣ будааст:
“Шароит дар дохили ҳизб ингуна набуд, ки ӯ биояду ҳама хиёлаш ба сохтани фақат ҳизб бошад, балки Кабирӣ шахсияти хешро низ дар ин дег пазонд. Ва гоҳо чунин ба назар мерасад, ки шахсиятсозиаш дар бисёри мароҳил аз ҳизбсозиаш муқаддамтар аст ва ҷилавтар. Ва агар ба таъбири шӯхиомезтаре ҳарф бизанем, ӯ тавонистааст, “азиз”-и матбуот бошад ва дар ҳамаи ҷо ба назар мерасад. Аммо ин боис шуд, ки дигар шахсиятҳо дар наҳзат зери соя бираванд ва дар ҳошия қарор бигиранд. Имрӯз Кабирӣ тавре дар дохили ҳизб аст, ки гӯё ин ҳизб дар Кабирӣ хулоса мешавад ва Кабирӣ - дар ин ҳизб. Ҳол онки ҳизб ҷоест, ки бояд шахсиятҳои дигараш низ бориз бошанд.”
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>