02:21:28 24-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/05_--01-a-aaaaapangimun_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/05_--01-a-aaaaapangimun_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/05_--01-a-aaaaapangimun_226.jpg'

ПАН ГИ МУН АРАЛРО ДИД, РОҒУНРО НЕ. ЧАРО?

Боздиди Пан Ги Мун, дабири кулии СММ аз силсилаи нерӯгоҳҳои ҳавзаи Вахш, аз ҷумла аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ барномарезӣ шуда буд. Аммо субҳи душанбе, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки боздид аз нерӯгоҳҳо аз барномаи сафари Пан Ги Мун лағв шудааст. Пан Ги Мун зимни сафараш ба Ӯзбакистон, тавассути чархбол аз баҳри Арал дидан кард ва хушкидани онро аз такондиҳандатарин фалокатҳои муҳитизистии аср номидааст.

 

Дар маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон, тағийр ёфтани барномаи сафари Пан Ги Мунро ба ҳар навъ шарҳ медиҳанд. Гӯруҳе онро дигаргун шудани мавқеи ин ниҳод дар баҳси Тоҷикистон ва Ӯзбакистон номида ва мегӯянд, ки СММ, дар ин баҳс моил ба мавқеи Тошканд шудааст. Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, таҳлилгари маркази «Диалог» мегӯяд, тағийр ёфтани барномаи сафари дабири кули СММ дар Тоҷикистон, аз он хотир аст, ки баҳси Тоҷикистон ва Ӯбакистон аз масоили иқтисодӣ ба сиёсӣ табдил шудааст.

 

Ба гуфтаи ҷаноби Сайфуллоҳзода, Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбакистон бохтааст: «Дабири СММ дигар тавонмандии онро надорад, ки бишнавад, ки дар паҳлӯи дигари масъала чист… Яъне инҷо мавзӯъ ин аст, ки СММ то ҷойе наметавонад аз хати кишварҳои қудратманд, ки Шӯрои амнитя бидуни тасмим онҳо ҳеҷ коре карда наметавонад, берун барояд».

 

Ба назари коршиносон, маҳз аз тамошои баҳри хушкидаи Арал оғоз ёфтани боздиди Пан Ги Мун аз Узбакистон рамзӣ буд ва Тошканд тавонист, ки ба ин васила пуштибонии СММ дар баҳсаш бар сари масоили оби Осиёи Марказиро ба даст биорад.

 

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Ӯзбакистон мувафақ шуд, ки бисёре аз созмонҳои байналмиллаӣ ва кишварҳои абадқудратро дар ин баҳс ба худ мойил кунад. Ӯ меафзояд, "асли қазия дар он аст, ки идеологҳои ҳукумати Тоҷикистон натавонистанд, ки фазои иттилоотиро дар хориҷи кишвар ба вуҷуд биоваранд, ки то куҷо ин мушкилот вуҷуд дорад. Ва дар ҷанги иттилоттие, ки Тошканд бо Душанбе оғоз карда буд, масъулини бахши иттилотти ҳукумати Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбакистон бохтанд".

 

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисёсати ҷумҳурӣ ба ин бовар аст, ки дабири кулии СММ бояд дар баҳси сохтмони нерӯгоҳҳо ва пайомади экологии онҳо, ҷониби Тоҷикистонро низ бишунавад ва баъдан мавқеъгирӣ кунад. Сайфулло Сафаров ҳанӯз дар ин баҳс ҷониби Тоҷикистонро ба истилоҳ “шикастхӯрда” намедонад, зеро ба гуфти ӯ, ба мавқеи Пан Ги Мун боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва хабарнигорон метавонанд, таъсир гузоранд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2059-2010-04-05-16-47-55.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ